Созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқ ва ташкилотҳои ғайридавлатии Тоҷикистон дар робита ба қазияи маҳкум шудани халабонони рус ва таъсири манфии он ба вазъи муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия бо як изҳороти кушод ба сарони кишварҳои Русияву Тоҷикистон Дмитрий Медведев ва Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат карданд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари барнома оид ба муҳоҷирати кории ТҒД «Маркази ҳуқуқи инсон» Нодира Абдуллоева хабар дод.
«Мо ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва мақомоти судии кишвар муроҷиат намуда, дархост менамоем, ки барои таъмини ҳуқуқ ба адолати мурофиаи судии халабонон мутобиқи меъёрҳои Сарқонун, ҳуқуқи миллии Тоҷикистон ва ҳамчунин асноди байнлмилалӣ оид ба риояи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофшуда чораҳо андешида шаванд», - омадааст дар изҳорот.
Дар изҳорот ҳамчунин зикр мегардад, «бо назардошти иттилооти ВАО дар бораи маъракаи ихроҷи муҳоҷирони кории тоҷик, ТҒД-и Тоҷикистон ба президенти Русия Дмитрий Медведев ва дигар мақомоти дахлдори Русия муроҷиат намуда, дархост мекунад, ки ҳодисаҳои истирдоди муҳоҷирони корӣ набояд ба қазияи маҳкум шудани халабони рус дар Тоҷикистон рабт дода шаванд».
Ҳамчунин дар изҳорот аз намояндагии диломатӣ ва Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия даъват карда мешавад, ки ҳодисаҳои ахири боздошти оммавии шаҳрвандони тоҷик дар Русия мавриди санҷиши дақиқ қарор дода шаванд.




Сабикаҳои тиллои Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2025 қариб 40% гарон шуданд
Теъдоди донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар Ӯзбекистон дар соли 2025-ум 2 баробар зиёд шудааст
Баъди ҳамлаҳои мусаллаҳона аз Афғонистон сохтмони як роҳи байналмилалӣ дар Дарвоз қатъ шудааст
Дар Тоҷикистон гирифтани тасдиқи маълумотнома дар бораи вазъи оилавӣ ба таври онлайнӣ ба роҳ монда шуд
Ҳукумати нав сохтанд ё ҷойгузини ҳам шуданд? Дар Украина чанд мансабдор аз вазифа рафт
Тағйироти кадрӣ. Ёрдамчии раисҷумҳур ва роҳбарони 9 шаҳру навоҳӣ нав шуданд
Боздошти як зодаи Тоҷикистон дар Русия дар робита ба марги як блогери рус
Пахта дар бозори ҷаҳонӣ қимат мешавад. Ин ба Тоҷикистон чӣ фоида дорад?
Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии амнияти занон зинаи 89-умро касб кард
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хоб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста
Махмадназар21 ноябр, 2011 11:22
Ассалому алайкум ба ахли зиёиёни точик Мудохилаи РХО ва макомоти кудратии Федератсияи Русия ба фаъолияти Судии Чумхурии Точикистон тавассути депортатсияи корчуёни точик дар Федератсияи Русияро, хамчун як шахрванди одии точик махкум менамоям. Бояд тазаккур дод, ки аксарияти баромадкунандагон оиди вазъияти ба амал омада нисбати ба махкама кашидани лёчикхои Русия бахои яктарафа дода, депортатсияи шахрвандони точикро аз Федератсияи Русия яке аз сабабхои асосии он дониста ва Хукмати Чумхурии Точикистонро ба беамали гунахкор менамоянд. Тибки баъзе расонахои хабарии Федератсияи Русия зиёда аз 2 миллион точикон дар Федератсияи Русия умур ба сар мебаранд, ки аз онхо зиёда аз 1,5 милонашон корчуйони мавсими хастанд. Барои хамин дар байни якуним миллион, хохем ё нахохем шахрвандоне ёфт мешаванд, ки ба конунвайронкуни, аз чумла ба конунвайронкуни оиди бакайдгирии мувакати рох медиханд. Депортатсияи 300 ё 500 нафар шахрвандони точик, ки ба конунвайронкуни оиди бакайдгирии муввакати рох додаанд (0,02-0,03%) дакикан санчида шаванд, дар холати чой доштани чунин конунвайронкунхо, риояи конун авлотар аст. Аз расонањои хабарии оммаи Федератсияи Русия низ эхтиромона хохиш мекардам, ки дар баромадхо ба эхсосот дода нашуда ба иззати нафси дигар миллатхо расиданро аз руи этикаи журналисти намехисобам. Дар чунин холатхо бо максади нигох доштани вазъияти хуби шарикии стратеги ба эхсосот дода шудан лозим нест. Бояд кайд намуд, ки Чумхурии Точикистон аз соли 1991 инчониб давлати сохибихтиёр, демократи, хукукбунёд, дуняви ва ягона буда, сиёсати сулхчуёнаро ба амал татбик намуда, сохибихтиёри ва истиклолияти дигар давлатхои чахонро эхтиром менамояд ва муносибатхои хоричиро дар асоси меъёрхои байналмилали муайян мекунад. Дар айни хол Точикистон оиди ба махкама кашидани лёчикхои Русия хамаи санадхои меъёрию хукукии Чумхурии Точикистон ва санадхои меъёрии байналмилалие, ки Точикистон эътироф намудааст асос намудааст. Барои исбот намудани бегунохии амалиётхои лёчикхо, тибки конунгузории хамаи давлатхои чахон имконияти дода шудаанд, ки адвокати мустакил кироя намоянд. Хамчун дар холати норози будан аз карори суд, дар мухлати мукаррарнамудаи конунгузори метавонанд ба суди апелациони, кассатсиони ва суди Олии Чумхури шикоят пешниход намоянд. Риояи Конун катъи буда, хурмати Конун хатми аст. Ман, ба Хукумати Чумхурии Точикистон, Прократураи генералии Чумхурии Точикистон хамчун шахрванди Точикистон бо арзи эхтиром мурочиат менамоям, ки дар озод намудани лечикхои рус ба шитобкори рох надода, тибки тартиби мукараргардидаи конунгузории Чумхурии Точикистон ва санадхои хукукие, ки Чумхурии Точикистон эътироф намудааст, амали карда шаванд. Нисбати Конунхои кабулнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон бехурмати зохир карда нашавад. Махмадназар
Asliddin16 ноябр, 2011 14:10
salom ba hama