Дар доираи баргузории ҷаласаи 61-уми Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ дар шаҳри Алмаато мулоқоти вазирони мудофиаи Тоҷикистону Русия Шералӣ Хайруллоев ва Анатолий Сердюков доир гардид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадалиев хабар дод, дар мулоқот масоили рушди ҳамкориҳои низомиву техникии дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
«Ба суоли вазири мудофиаи Русия дар бораи қазияи халабони маҳкумшудаи рус Владимир Садовничий дар Тоҷикистон, Шералӣ Хайруллоев посух додааст, ки «масъалаи мазкур таҳти назорати шахсии президенти Тоҷикистон қарор дорад», - гуфт сухангӯи вазорат.
Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти расонаҳои хабарии Русия, Хайруллоев ба ҳамтои русиягии худ изҳор кардааст, ки аз президенти Тоҷикистон дар бораи «ба таври мусбат» ҳал кардани масъалаи халабони руси дар Тоҷикистон маҳкумшуда дастур гирифтааст.
Интерфакс менависад, дар навбати худ Анатолий Сердюков аз вазири мудофиаи Тоҷикистон даъват ба амал овардааст, ки ҷиҳати озод кардани халабони рус чораҳои амалӣ андешида шавад.
Ба гуфтаи Маҳмадалиев, дар чаҳорчӯби ҷаласаи мазкур Шералӣ Хайруллоев ҳамчунин бо ҳамтоҳои худ аз Қазоқистон, Украина ва Озарбойҷон низ дидору гуфтушунид кард. «Дар мулоқот бо вазири мудофиаи Украина масоили густариши минбаъдаи ҳамкориҳо миёни вазоратҳо ва дар вохӯрӣ бо вазирони мудофиаи Қазоқистону Озарбойҷон масъалаи имзои нақшаи амалу чорабиниҳои вазоратҳои мудофиаи кишварҳо барои соли 2012 баррасӣ шуданд», - изҳор кард сухангӯйи Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ.
Қобили зикр аст, ки дар ҷаласи 61-уми Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ беш аз бист масоили марбут ба самтҳои гуногуни ҳамкориҳои гуногунҷабҳаи низомии кишварҳо матраҳ шуданд. Аз ҷумла, аз фаъолияти мақомоти кории Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ дар соли равон натиҷагирӣ шуда, атрофи таҳияи нақшаи корӣ барои соли 2012 табодули афкор сурат гирифт.




Шаҳрвандони Тоҷикистон давоми соли 2025 дар Google бештар чӣ ҷустуҷӯ карданд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 4 январи соли 2026
Доналд Трамп: “Мадуро ва ҳамсараш боздошт ва аз Венесуэла берун бурда шуданд”
Аз додрасҳо то соҳибкорону занон ва коргарони НБО Роғун. Эмомалӣ Раҳмон соли гузашта киро танқид ва киро таъриф кард?
Таркишҳо дар Каракас. Венесуэла Амрикоро ба таҷовузи низомӣ муттаҳам кард
Марги як шаҳрванди Ӯзбекистон дар Русия. Тошканд ба Маскав нота фиристод
Марги ду корманди БДА бар асари фаромадани тарма дар Варзоб
Аз баргузории озмуну фестивалҳо то таъмири муассисот. Тоҷикистон барои рушди фарҳангу санъат қариб 100 млн сомонӣ ҷудо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 январи соли 2026
Барои рушди соҳаи энергетика дар 5 соли оянда $6,5 млрд лозим аст. Ҳукумати кишвар ин маблағро аз куҷо пайдо мекунад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста