Эътирозҳои Маскав дар марҳилаи кунунии рушди кишварҳои собиқ шӯравӣ пас аз интихоботҳо хоси ҳамаи ин кишварҳост, - мегӯяд роҳбари Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон Сӯҳроб Шарифов.
«Пас аз интихобот ҳамеша гурӯҳе қаноатманду гурӯҳи дигар норозиянд ва норозиҳо бар ин назаранд, ки имконоти маъмурӣ истифода шудаасту маъракаи интихоботӣ шафоф набуд ва мухолифони мағлуб маъмулан чунин рафтор мекунанд», - мегӯяд вай.
Коршинос чунин мешуморад, ки дар вазъи мавҷуда дар Русия ҳеҷ аломатҳои ҷинояткорӣ нест, зеро агар чунин амалҳо дар чаҳорчӯби қонунгузорӣ баргузор шаванд, мухолифон ба он ҳуқуқ доранд.
«Ояндаи наздик мавҷи эътирозҳо дар Русия ба анҷом расида, вазъ мисли пештара мӯътадил мегардад, - мӯътақид аст ӯ. - Путин гарави субот ва рушди Русия аст, аз ин рӯ, гумон намекунам, ки мавҷи эътирозҳо аз қаламрави Маскав берун рафта, аз Владивосток то Калининградро фаро гирад».
Ба андешаи директори МТС, Русия дар марҳилаи муайяни рушди демокртаия қарор дорад ва дастовардҳои ӯ дар ин самт ба ҷуз кишварҳои Назди Балтик, аз дастовардҳои кишварҳои дигар собиқ шӯравӣ ҳеҷ тафовуте надорад.
Сӯҳроб Шарифов мегӯяд, айни замон наметавон гуфт, ки дар Русия ҳодисаи фавқулоддае ҷараён дорад. «Дар Тоҷикистон низ аҳзоби сиёсӣ пас аз интихобот норозигӣ изҳор карда буданд, вале дар мо чунин эътирози оммавӣ ва гирдиҳамойиҳо сурат нагирифтанд. Минбаъд агар фарҳанги эътироз дар чаҳорчӯби қонунгузорӣ рушд ёбад, дар Тоҷикистон низ ба вуқӯъ пайвастани ба ин монанд вокуниш ба натиҷаҳои интихобот аз эҳтимол дур нест, - иброз дошт Шарифов. — Ин ба сатҳи фарҳанги сиёсӣ, қабули рафтори муайян дар шароити демократия вобаста аст. Ин ҷо сатҳи баланди фарҳанги ҳуқуқӣ доштан зарур аст, яъне ин масъулияти афродест, ки зимни шаҳрвандони оддиро ба гирдиҳамоиҳо раҳнамун сохтан, бояд тартиботу қонунро дақиқ риоя намоянд».




Наздики 120 шаҳрванди Тоҷикистон бо як парвози чартерӣ аз Дубай ба Душанбе баргаштаанд
Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори Додгоҳи олӣ, Додситонии кул ва ВКД тағйироти кадрӣ анҷом дод
Даргирӣ печидатар ва доманаи он васеътар мегардад. Ховари Миёна дар рӯзи ҳафтуми ҷанг дар Эрон чӣ вазъ дорад?
"Hyundai Tajikistan" дар моҳи Рамазон иқдоми махсус эълон мекунад
“Пешрафти Эронро пешрафти худ ва нокомии Эронро нокомии худ медонем”. Назари чеҳраҳои сиёсиву адабии Тоҷикистон дар бораи ҷанг дар Эрон
Нархи гузаштан аз ташхиси тиббӣ дар Тоҷикистон барои гирифтани патент маълум шуд
Соли гузашта дар кишвар чанд дугоник, сегоник ва чоргоник таваллуд шудааст?
Моҳи феврал дар Осиёи Марказӣ ба таври рекордӣ гарм шуд. Паёмадҳои гармшавии ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 41
Дар Тоҷикистон беш аз 3,5 ҳазор ширкату корхона бо сармояи хориҷӣ фаъолият мекардаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста