Чанде қабл дар мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо Рустамҷон Солиев бо яке аз вакилони бонуфузи Парлумони Аврупо дар умури кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ Элизабет Йеггле масоили вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди робитаҳои байнипарлумонӣ миёни Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Бино ба маълумоти сафорати ҶТ дар Белгия, зимни мулоқот Р.Солиев таваҷҷуҳи ҳамсӯҳбатро ба маълумоте, ки агентии иттилоотии CA-News (UZ) бо истинод ба агентии иттилоотии ВКХ- Ӯзбекистон интишор карда буд, ҷалб сохт. Дар он гуфта мешуд, ки гӯё 29-уми ноябри соли равон ҳангоми вохӯрӣ бо экологҳои ӯзбек дар Брюссел Э.Йеггле аз мавқеи Ӯзбекистон дар масоили ғайриоқилона будани сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» пуштибонӣ карда будааст.
Агентии иттилоти мазкур ин хабарро дар таърихи 9-уми декабри соли 2011 таҳти унвони «Дар Парлумони Аврупо мавқеи Ӯзбекистонро дар бораи ғайриоқилона будани сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» дастгирӣ карданд» ба нашр расонид.
Аммо Э.Йеггле ин маълумотро рад сохта, изҳор кард, ки хабари интишоркардаи ҷониби Ӯзбекистон дар бораи назари ӯ оид ба масоили сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» асоси воқеӣ надорад.
Дар ҷараёни мулоқот бо Солиев вакили Парлумони Аврупо зикр кард, ки дар вохӯрӣ бо экологҳои ӯзбек ӯ даъват кардааст, ки натиҷаҳои ташхиси Бонки ҷаҳонӣ оид ба лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи «Роғун»-ро мебояд интизор шуд ва дар масоили истифодаи захираҳои обиву энергетикии минтақа роҳандозии ҳамкории наздики ҳукумат ва парлумонҳои кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ зарур аст.
«Э.Йеггле бо таассуф изҳор кард, ки соли равон аллакай маротибаи дуввум аст, ки Ӯзбекистон мавқеи ӯро бобати сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» таҳрифомез нишон медиҳад, - гуфт манбаъ. – Ӯ аз сафир дархост кард, ки мавқеи ӯро нисбат ба ин масъала ба ҳукумати кишвар ва тавассути васоити ахбори умум ба тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ диҳанд».



Шаҳрвандони Тоҷикистон давоми соли 2025 дар Google бештар чӣ ҷустуҷӯ карданд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 4 январи соли 2026
Доналд Трамп: “Мадуро ва ҳамсараш боздошт ва аз Венесуэла берун бурда шуданд”
Аз додрасҳо то соҳибкорону занон ва коргарони НБО Роғун. Эмомалӣ Раҳмон соли гузашта киро танқид ва киро таъриф кард?
Таркишҳо дар Каракас. Венесуэла Амрикоро ба таҷовузи низомӣ муттаҳам кард
Марги як шаҳрванди Ӯзбекистон дар Русия. Тошканд ба Маскав нота фиристод
Марги ду корманди БДА бар асари фаромадани тарма дар Варзоб
Аз баргузории озмуну фестивалҳо то таъмири муассисот. Тоҷикистон барои рушди фарҳангу санъат қариб 100 млн сомонӣ ҷудо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 январи соли 2026
Барои рушди соҳаи энергетика дар 5 соли оянда $6,5 млрд лозим аст. Ҳукумати кишвар ин маблағро аз куҷо пайдо мекунад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста