Дар Русия аз маъракаи интихоботи президент натиҷагирӣ мекунанд. Чанде қабл шаҳрвандони кишвар ба президенте овоз доданд, ки бори нахуст ба муддати 6 сол ба ин мақом интихоб мешавад.

Дирӯз, 4-уми март, соати 21:00 бо вақти Маскав тамоми қитъаҳои интихоботӣ дар қаламрави Русия баста шуданд ва дар Комиссияи марказии интихоботи Русия шумури овозҳо оғоз гардид.

Хабаргузории РИА Новости менависад, ба ҳолати 05:45-и вақти Маскав Комиссияи марказии интихобот 95,13 протоколҳои ниҳоӣ оид ба интихобти президенти Русияро коркард кардааст.

Бино ба маълумоти интишоршуда дар маркази иттилоотии «Интихобот-2012» дар КМИ Русия, ба нахуствазири Русия Владимир Путин 42 млн. 277 ҳазору 370 нафар ё худ 64,26%-и интихобкунандагон овоз додаанд. Пешвои коммунистон Геннадий Зюганов бо нишондиҳандаи 17,14% дар мақоми дуюм ва номзади мустақил Михаил Прохоров ба 7,42 раъйи интихобкунандагон дар ҷойи сеюм қарор гирифтанд.

Раиси Ҳизби либерал-демократии Русия Владимир Жириновский ба 6,25 ва раиси ҳизби «Справедливая Россия» Сергеей Миронов ба 3,8-и раъйи интихобкунандагон соҳиб шуданд.