Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар қароргоҳи марказии ҳизб дар шаҳри Душанбе бахшида ба ёдбуди муассисони ҳизб Устод Сайид Абдуллоҳ Нурӣ ва Устод Муҳаммадшариф Ҳимматзода ҳамоиши бо шукуҳе баргузор менамояд.
Тавре аз қароргоҳи марказии ҳизб хабар доданд, Раиси ситоди тадорукоти ҳамоиш, Сайидумар Ҳусайнӣ (ноиби Раиси ҲНИТ) дар робита ба ин чорабинӣ изҳор доштааст, ки хадаф аз баргузории ин ҳамоиш бори дигар зинда кардани ёд ва талошҳои асосгузорони Ҳизби наҳзат Устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва Устод Муҳаммадшариф Ҳимматзода мебошад. «Инчунин муаррифӣ кардани мактаб ва афкори ин бузургон ба ҷомеа ва алалхусус ба насли ҷавоне, ки онҳоро надидааст. Аз тарафи дигар, ин ҳамоиш таҷдиди аҳду паймон аст, ки мо дар роҳи пешгирифтаи онҳо ва дар мактаби эшон пойбанд ва содиқ ҳастем», - гуфтааст вай.
Ҷаноби С. Ҳусайнӣ ҳамчунин иброз доштааст, ки ба ҳамоиш беш аз сад меҳмон, аз ҷумла намояндаҳои ҳукумату аҳзоби сиёсии кишвар, намояндагони сафоратхонаҳо, шахсиятҳои барҷастаи кишвар, журналистон, аҳли зиё ва аъзои Комиссияи оштии миллӣ даъват шуда, ҳамаи хоҳишмандон низ метавонанд дар ҳамоиш ширкат варзанд. Ҳамоиш соати 09:00-и рӯзи шанбеи 17-уми март дар қароргоҳи марказии ҲНИТ оғз мегардад.
Ба иттилои манбаъ, баъди ҳамоиш ҷаласаи фаъолони ҲНИТ дар минтақаи НТҶ (Ноҳияҳои тобеъи ҷумҳӯрӣ) баргузор хоҳад шуд ва дар он фаъолият, мушкилот ва монеаҳое, ки аъзои ин ҳизб дар ин минтақа мувоҷеҳ ҳастанд, баррасӣ мешавад. Раиси ҳизб дар минтақа Ҷалолиддин Маҳмуд аз фаъолияти худ ҳисобот медиҳад. Фаъолтарин узв, масъул, собиқадор, ташкилоти ибтидоӣ, ноҳия дар минтақа мукофот дода мешаванд.
Бахшида ба ёдбуди муассисони ҳизб Устод С. А. Нурӣ ва Устод Муҳаммадшариф Ҳимматзода, Бахши ҷавонони ҲНИТ мусобиқаи волейболиро байни 12 тим дар майдончаи қароргоҳи марказии ҳизб низ ба роҳ монд.



Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 марти соли 2026
Аз таҳдиди Трамп то посухи Лориҷонӣ. Идомаи ҳамлаҳои Амрикову Исроил ба Эрон ва посухи Ҷумҳурии Исломӣ
“Азия-Плюс” ва “Ориёнбонк” дар Душанбе дарахт нишонданд
“Риояи қонунро мехоҳем”. Баҳси чанд сокини як бино дар Душанбе бо ширкати бинокори “Лутф-Сохтмон”
Хонандагону донишҷӯён дар ҷашни Наврӯз чанд рӯз истироҳат мекунанд? Вазорати маориф ва илм посух гуфт
33 миллион менависему 500 миллион мехонем. Баъди ифтитоҳи сарҳад тиҷорат миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар кадом сатҳ аст?
Мактабе, ки як хонанда ва як омӯзгор дошт, ба филиали мактаби дигар табдил дода шудааст
Боз ҳам касе нахарид. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” дар музоядаи 3-юм низ фурӯхта нашуд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 45
Ҳамла ба мактаб ва куштори кӯдакон дар Миноб. Ҷинояте, ки метавонад поёни кори Доналд Трамп ва вазири ҷангаш бошад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста