Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз маҷмааи таълимии Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» боздид кард.

Тавре зикр гардид, ин муассиса бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2008 бо 4 филиал дар шаҳрҳои Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Конибодом ва дар ноҳияи Тоҷикобод таъсис ёфта, зери назари Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ фаъолият мекунад.

Ин маҷмааи таълимии муассиса дар шаҳри Душанбе бо маблағгузории давлатӣ ва дастгирии кишварҳои мададрасону созмонҳои байналмилалии гуманитарӣ фаъолияти пурсамар ба роҳ мондааст.

Ба иттилои масъулин, дар ин ва дигар таълимгоҳҳои Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон мардуми синну соли гуногун - аз хурдсолон то 60-сола, пеш аз ҳама, бекорон ва муҳоҷирони меҳнатӣ, аз рӯи 48 касбу ҳунар омӯзонда мешаванд.

Дар ин таълимгоҳҳо мувофиқи талаботи бозори меҳнат мардум, асосан, соҳиби ҳунарҳои коргарӣ ба мисли кафшергар, нозири барқ, сантехник, харрот, таъмиргари асбоби рӯзгор, челонгари мошин, бинокор, хиштчин, дуредгар, кандакори чӯб, андовагар, челонгар, бетонрез, арматурбанд, сангтарош, заргар, кулолгар, фермер, соҳибкор, мутахассиси коркарди маҳсулоти пашмин, бофанда, дӯзанда, тарроҳ, ороишгари мӯю рӯй, муҳосиб, ошпаз, қаннод, оператори алоқа, оператори компютер ва ғайра омода карда мешаванд.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, зимни боздид сарвари давлат бо ҳунаромӯзони ин марказ суҳбатҳои ҷолибу хотирмон анҷом дод.

Ба иттилои масъулин, танҳо дар соли 2011 дар 28 муассисаи ба ин монанди Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 45 ҳазор нафар аз рӯйи 48 ихтисоси коргарӣ хонда, соҳиби касбу ҳунар шудаанд, ки нисбат ба соли 2010 4 баробар зиёд аст. Қариб нисфи онҳоро занону духтарон ташкил медиҳанд.

Тавре аён гардид, дар ин марказ, бо дастгирии созмонҳои байналмилалии гуманитарӣ, ҳамчунин кӯдаконе, ки аз мактаб дур монда, дар бозори меҳнат кор мекунанд, ба таълими махсус ҷалб карда мешаванд. Ҳоло дар ин марказ ва як маркази дигар дар шаҳри Исфара 150 нафар кӯдакон ҷамъоварӣ ва бо таълим фаро гирифта шудаанд.

Муҳлати аксари курсҳои таълимии ин ва дигар муассисаҳои таълимӣ 3 моҳ мебошад. Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки бо кам кардани муҳлати омӯзиши баъзе ҳунарҳои зуд азхудшаванда ва дар 3 баст ба роҳ мондани дарсҳо ҳар сол дар чунин марказҳо зиёда аз 100 ҳазор мутахассиси коргарӣ омода карда шавад.

Афзалияти дигари ин муассиса дар он аст, ки ба нафарони дорои касбу ҳунар ва малакаи коргарӣ бе гузаштан аз курси таълимӣ баъди супурдани имтиҳон шаҳодатномаи зарурӣ дода мешавад. Шаҳодатномаҳои касбу ҳунари ин муассиса дар хориҷи кишвар ҳам эътироф карда мешавад. Бо ҳамин роҳ соли 2011 малакаҳои касбии 11 ҳазор шаҳрванд, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ бо шаҳодатномаи тахассусӣ тасдиқ карда шуд.

Барои ба роҳ мондани таълими босифат ва ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ барномаҳои таълими модулӣ таҳия ва қабул шуда, омӯзгорон, ҳамчунин дар кишварҳои хориҷӣ мавриди такмили ихтисос ва бозомӯзӣ қарор мегиранд.

Бо мақсади васеъ намудани шабакаҳои Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» ҳоло филиалҳои он, ҳамчунин дар шаҳру ноҳияҳои Хоруғ, Ванҷ, Дарвоз, Панҷакент, Мастчоҳ, Ёвон, Шӯрообод ва Қубодиён таъсис дода шудаанд.

Заминаи моддӣ – техникӣ ва таълимии Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон бо дастгирии Ҷумҳурии Федеролии Олмон, Ҷумҳурии Туркия ва Ҷумҳурии Исломии Эрон такмил дода шудааст. Аз ҷумла маркази ташхис ва таъмири мошинҳо бо дастгирии Ҳукумати Олмон таҷҳизонида шуда, омӯзгоронаш дар ин кишвар мавриди бозомӯзӣ қарор гирифтанд.

Ташрифи Президенти кишвар ба Маркази таълими калонсолони Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ гувоҳӣ аз ғамхории пайвастаи ӯ ба ин самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат аст. Аз ҷониби сарвари давлат зимни боздид, суҳбатҳо ва суханронии расмӣ ба масъулин як зумра дастуру ҳидоятҳо дода шуд, ки албатта ба кори ин соҳа такони ҷиддӣ мебахшанд.