Дар конфронси панҷуми ҳамкории иқтисодии минтақавӣ оид ба Афғонистон (RECCA-V), ки рӯзҳои 26-27-уми март дар шаҳри Душанбе доир мегардад, президенти Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ширкат хоҳад варзид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии дипломатии Эрон дар шаҳри Душанбе хабар доданд, дар ҳошияи сафари Аҳмадинажод ба Тоҷикистон гуфтушуниди ӯ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва дигар мансабдорони воломақоми давлатӣ ва ҳамчунин иштирок дар чорабиниҳои идонаи наврӯзӣ дар «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе дар назар аст.
«Ғайр аз ин, президенти Эрон дар шаҳри Душанбе маркази фарҳангии эронии «Хонаи Эрон»-ро боз мекунад, - гуфт манбаъ.
Бино ба иттилои сарчашма, Маҳмуди Аҳмадинажод ҳамчунин дар маросими мавриди истифода қарор гирифтани чанде аз корхонаҳои муштараки Тоҷикистону Эрон низ иштирок хоҳад кард, вале манбаъ мушаххасан дар бораи ин корхонаҳо маълумот надод.
Қаблан хабар дода будем, ки иштирок дар кори конфронсро сарони кишварҳои Афғонистону Покистон Ҳомид Карзай ва Алӣ Осиф Зардорӣ тасдиқ карданд.
Бино ба маълумоти кумитаи тадорукоти конфронс, ба кори конфронс намояндагони 40 кишари ҷаҳон дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ ва намояндагони 33 созмонҳои байнулмилалӣ даъват шудаанд Дар ҷараёни кори конфронс як қатор лоиҳаҳо оид ба энергетика, саноат, сохтмони роҳҳо, омодасозии кадрҳо барои Афғонистон муаррифӣ хоҳанд шуд.
Тибқи маълумоти Агентии омори назди ҳукумати ҶТ, ҳаҷми муомилоти молӣ миёни Тоҷикистону Эрон дар соли 2011 беш аз 204, 1 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст. Дар зарфи ду моҳи соли равон ин нишондиҳанда ба ҳудуди 29 млн. доллари ИМА баробар шуд.
Сироҷиддин Муҳриддин дар Маскав аз нақзи ҳуқуқи муҳоҷирону донишҷӯёни тоҷик нигаронӣ кард
Вазорати маориф ва илм ҷузъиёти латукӯби омӯзгорро дар мактаби №8-и Ваҳдат гуфт
Данғараи Боло–Раҳмониён, Қирғизобод-Ҳазордеҳ, Қайрағоч-Қадамҷо. Номи беш аз 500 деҳа дар Тоҷикистон иваз шуд
Ӯзбекистон ба ҳамсояҳояш пешниҳод кард, шиносномаҳои дохилии ҳамдигарро эътироф кунанд. Ин чӣ маъно дорад?
Рақобати Муин Ғафуров дар UFC бо варзишгари Ҷопон, ки ҳоло таъми бохтро начашидааст
Ҷабҳаи муқовимат гуфт, дар ҳамла ба қароргоҳи Толибон дар Панҷшер 13 толиб кушта шуд
Латукӯби омӯзгор аз сӯи волидайни як хонанда дар Ваҳдат
Русия ба Тоҷикистон зиёда аз 370 ҳазор китоби дарсии забони русӣ дод
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи "Аждаҳои хуфта"
Нигаронии Қоҳир Расулзода аз нақзи ҳуқуқи муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста