Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои байнидавлатии сарони кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕврАзЭС) бо сафари якрӯза озими шаҳри Маскав шуд.
Бино ба маълумоти як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ, дар ин сафар сарвари давлатро мушовири давлатӣ оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев, вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Ҳамрохон Зарифӣ, вазири рушди иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
«Президенти Тоҷикистон аллакай шоми ҳамин рӯз ба ватан бармегардад, зеро рӯзи 20-уми март иштироки сарвари давлат дар маросими мавриди истифода қарор гирифтани бинои нави Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва вохӯрии ӯ бо равшанфикрони кишвар дар он ба нақша гирифта шудааст», - гуфт манбаъ.
Ёдрас мекунем, ки 10-уми октябри соли 2000-ум дар пойтахти Қазоқистон - шаҳри Остона шартнома дар бораи таъсиси Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕвраЗЭС) ба имзо расида, пас аз тасдиқи он аз ҷониби кишварҳои узви иттиҳод 30-уми майи соли 2011 ба фаъолият шурӯъ кард.
Аз замони таъсиси Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё панҷ давлат – Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон аъзои он мебошанд.
Сироҷиддин Муҳриддин дар Маскав аз нақзи ҳуқуқи муҳоҷирону донишҷӯёни тоҷик нигаронӣ кард
Вазорати маориф ва илм ҷузъиёти латукӯби омӯзгорро дар мактаби №8-и Ваҳдат гуфт
Данғараи Боло–Раҳмониён, Қирғизобод-Ҳазордеҳ, Қайрағоч-Қадамҷо. Номи беш аз 500 деҳа дар Тоҷикистон иваз шуд
Ӯзбекистон ба ҳамсояҳояш пешниҳод кард, шиносномаҳои дохилии ҳамдигарро эътироф кунанд. Ин чӣ маъно дорад?
Рақобати Муин Ғафуров дар UFC бо варзишгари Ҷопон, ки ҳоло таъми бохтро начашидааст
Ҷабҳаи муқовимат гуфт, дар ҳамла ба қароргоҳи Толибон дар Панҷшер 13 толиб кушта шуд
Латукӯби омӯзгор аз сӯи волидайни як хонанда дар Ваҳдат
Русия ба Тоҷикистон зиёда аз 370 ҳазор китоби дарсии забони русӣ дод
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи "Аждаҳои хуфта"
Нигаронии Қоҳир Расулзода аз нақзи ҳуқуқи муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста