Ахири ҳафтаи сипаришуда муовини раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Асрор Латифов ҷиҳати анҷом додани як силсила вохӯриҳо бо муҳоҷирон ба Федератсияи Русия сафар кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мудири шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ Усмон Солеҳ хабар дод, сафари муовини раиси ҳизб то 16-уми июн идома ёфта, ҳадафи аслии он шиносоии наздик бо мушкилоти муҳоҷирони корӣ ва таблиғи афкору мақсадҳои ҳизб миёни онҳост.

«Дар доираи сафар ба Русия А.Латифов аз шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург ва вилояти Твер боздид мекунад», - гуфт вай.

Ба гуфтаи ӯ, сафари А.Латифов ба Русия дар ҳамроҳӣ бо сардабири ҳафтавори ҳизбии «Минбари халқ» Бахтимёр Ҳамдамов чорабинии нахустини тарҳрезишудаи ҲХДТ оид ба ҷалби муҳоҷирон ба сафҳои ҳизб мебошад.

«То ахири соли равон ҲХДТ ният дорад, ки барои баргузории корҳои таблиғотӣ миёни муҳоҷирон боз якчанд ҳайатҳоро ба Русия сафарбар намояд», - афзуд У.Солеҳ.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, айни замон шумори аъзои он 160 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Раиси ҳизб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҲХДТ мебошанд.

Маъракаи навбатии интихоботи президент дар Тоҷикистон моҳи ноябри соли 2013 доир мегардад. Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар остонаи интихобот аллакай маъракаи таблиғотиро оғоз намуд.