Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷом додани сафари корӣ ба Украина сафар кард.
Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, дар ин сафар сарвари давлатро мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев, мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати кадрҳо Абдуҷаббор Азизов, раиси кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Маликшо Неъматов, сафири фавқулодда ва мухтори Тоҷикистон дар Украина Шуҳрат Султонов ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Бино ба маълумоти интишоркардаи хадамоти матбуоти президенти Украина, имрӯз 2-юми июл, гуфтушуниди Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Украина Виктор Янукович баргузор мешавад.
Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, бо даъвати президенти УЕФА Мишел Платини президенти Федератсияи футболи ҷумҳурӣ Рустами Эмомалӣ дар вохӯрии финали Чкмпионати Аврупо оид ба футбол иштирок кардааст. Дар ин вохӯри дастаи Испания бар дастаи Италия бо ҳисоби 4 бар 0 дастболо шуд.
Тибқи хабари ВАО-и Украина сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ дар вохӯрии ниҳоӣ ҳузур доштааст.




Роҳбари Театри миллӣ муайян шуд. Манучеҳр Шарифзода кист ва Театри миллӣ чӣ вазифа дорад?
То $15 ҳазор гаравпулӣ. Шарти нави ИМА аз тоҷикистониҳо барои дарёфти “виза”-и Амрико
“Бо "селофан" буғӣ кардааст”. Як зан дар Хуросон барои куштори духтари сесолааш 18 сол равонаи зиндон шуд
Ба оилаи ду афсари зимни задухӯрд дар марз бо Афғонистон кушташуда хона доданд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
“Бо Эмомалӣ Раҳмон дар як ҳуҷра 10 соат баҳси тунд доштем”. Содир Жапаров баъзе ҷузъиёти ҳалли баҳси марзӣ бо Тоҷикистонро ошкор кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 январи соли 2026
Сабикаҳои тиллои Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2025 қариб 40% гарон шуданд
Теъдоди донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар Ӯзбекистон дар соли 2025-ум 2 баробар зиёд шудааст
Баъди ҳамлаҳои мусаллаҳона аз Афғонистон сохтмони як роҳи байналмилалӣ дар Дарвоз қатъ шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста