Даҳаи сеюми моҳи сентябр президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз минбари иҷлосияи 67-уми Маҷмаъи кулли СММ дар шаҳри Ню-Йорк суханронӣ хоҳад кард.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, маърӯзаи сарвари давлати Тоҷикистон дар Маҷмаъи кулли СММ рӯзи 26-уми сентябр дар назар аст.
Зимни боздид аз Ню-Йорк Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони баландпояи созмонҳои байнулмилалӣ ва сарварони чанде аз кишварҳо мулоқотҳои дуҷониба анҷом хоҳад дод. «Ҳамчунин вохӯрии президенти Тоҷикистон бо намояндагони доираҳои тиҷоратии ИМА пешбинӣ шудааст», - гуфт манбаъ.
Бино ба маълумоти Маркази иттилооти СММ, иҷлосияи 67-уми СММ санаи 18-уми сентябр расман ба кор шурӯъ мекунад. Музокироти умумии ҳамасола 25-уми сентябр оғоз ва то 1-уми октябр идома меёбанд. Дар онҳо сарони кишвару ҳукуматҳо, Вазоратҳои коҳои хориҷии давлатҳо ва намояндагони кишварҳои узви СММ маърӯза хоҳанд кард.




Шаҳрвандони Тоҷикистон давоми соли 2025 дар Google бештар чӣ ҷустуҷӯ карданд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 4 январи соли 2026
Доналд Трамп: “Мадуро ва ҳамсараш боздошт ва аз Венесуэла берун бурда шуданд”
Аз додрасҳо то соҳибкорону занон ва коргарони НБО Роғун. Эмомалӣ Раҳмон соли гузашта киро танқид ва киро таъриф кард?
Таркишҳо дар Каракас. Венесуэла Амрикоро ба таҷовузи низомӣ муттаҳам кард
Марги як шаҳрванди Ӯзбекистон дар Русия. Тошканд ба Маскав нота фиристод
Марги ду корманди БДА бар асари фаромадани тарма дар Варзоб
Аз баргузории озмуну фестивалҳо то таъмири муассисот. Тоҷикистон барои рушди фарҳангу санъат қариб 100 млн сомонӣ ҷудо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 январи соли 2026
Барои рушди соҳаи энергетика дар 5 соли оянда $6,5 млрд лозим аст. Ҳукумати кишвар ин маблағро аз куҷо пайдо мекунад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста