Ахиран муовини аввали раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Сафар Сафаров ҳини боздид аз минтақаи ҷанубии Русия дар шаҳри Пятигорск, воқеъ дар кишвари Ставропол бо ҳамватанонамон- аъзои фаъоли диаспораи миллии тоҷикон ва сарони бригадаҳои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дидору мулокот орост. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» рохбари медиа-холдинги тоҷикии Tajinfo дар Русия Муҳаммад Эгамзод иттилоъ дод.

Ба гуфтаи вай, рохбари Хонаи фарҳанги миллатҳои шаҳри Пятигорск Эмма Дзитиева, ки дар онҷо ҳамватанонамон ҷиҳати ин мулоқот гирд омада буданд, аз меҳмони олиқадр пазироӣ намуда, дар мавриди ҳаёту фаъолияти миллатҳои мухталифи минтақа, ки тоҷикон низ дар он ҳузури чашмгир доранд, ҳикоят намуд.

«Баъдан Сафар Сафаров ҳозиринро бо фарорасии Иди Рамазон табрик намуда, дар идомаи суханронияш дар бораи ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар ҳикоят намуда, оид ба фаъолияти созандаву пурсамари президенти Тоҷикистон, раиси ҲХДТ Эмомалӣ Рахмон маълумот ироа намуд», - гуфт ӯ

С.Сафаров аз ҷумла гуфт: Ҳар яки шумоён - ҳамватанони азиз, дар қаламрави кишвари бузурги Русия кору иқомат намуда, дар баробари муҳоҷири оддии меҳнатӣ будан, рисолати дигареро бар дӯш доред, ки дарки он хеле ва хеле муҳим аст: шумо ҳамчун оинаи қаднамо меҳану миллати худро дар ин сарзамин муаррифӣ мекунед. Аз ин рӯ, дар ҳама ҳолат бояд фарзанди сазовори Тоҷикистон бошед, обрӯю эътибори кишварамонро баланд бардоред. Коре кунед, ки шуморо ҳамчун тоҷик касе наҳ назанад, эҳтироми худро ҳамеша бо кирдору рафтори накӯ, меҳнати ҳалол ва муносибати хуб нигаҳ доред! Аз ҳама муҳим, қонуну тартиботи муайяннамудаи кишвари иқоматро риоя намоед».
Зикр гардид, ки дар рафти суҳбати озод, ӯ ба суолҳои сершумори ҳамватанонамон оид ба равандҳои сиёсиву иқтисодии кишвар, ҳаводиси ахир дар Бадахшон, тадбирҳои судманди роҳбарияти кишвар баҳри таҳкими сулҳу субот дар Ватан ва дигар масъалаҳои муҳим посух дод. Мавзӯи калидии мулоқот вазъи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русия буд, ки дар атрофи ин масъала низ фикрҳои ҷонибхо радду бадал шуданд.

Дар робита ба равандҳои мусбату манфии ҳаёту фаъолияти муҳоҷирони меҳнатӣ сухан гуфта, муовини аввали раиси ҲХДТ ҳамчунин аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки солҳои ахир дар Русия, мутаассифона, зуҳури ғояҳои экстремистӣ ва радикалӣ, бахусус миёни ҷавонон ба назар меразад. «Ин ғояҳо барои миллати тоҷик, ки дорои фарҳангу таърихи кӯҳан аст, тамоман бегонаанд. Худро аз ин равияҳо ва ғояҳои нодуруст канор кашед. Меҳнати ҳалол кунед ва бо истифода аз фурсате, ки дар ин кишвари бузург кору иқомат доред, танҳо унсурҳои беҳтарини фарҳанги кору шеваи зиндагиро ёд бигиред»- хоҳиш намуд аз ҷавонон - муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русия Сафар Сафаров.
Дар қисмати дуюми вохӯрӣ бо пешниҳоди фаъолони диаспора кумитаи тадорукоти таъсиси Маркази фарҳангии тоҷикон дар шаҳри Пятигорск таъсис дода шуд. Интизор меравад, ки то поёни соли равон дар шаҳр чунин як ташкилоти ҷамъиятии тоҷикон расман номнавис гардад.