Муовини аввали раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Саидумар Ҳусайнӣ бар ин назар аст, ки вақти вохӯрии вакилон бо интихобкунандагон номуносиб интихоб шудааст, зеро феълан аксари аҳолии деҳот ба ҷамъоварии ҳосили пахта ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ машғул буда, барои мулоқот бо вакилон фурсат надоранд.
С.Ҳусайнӣ мегӯяд, вохӯрии вакилон бо интихобкунандагонро мебояд дар мавсими баҳор ё зимистон ташкил кард, чунки дар ин вақт аҳолӣ камкортар аст.
«Дар вохӯрӣ бо аҳолии ноҳияҳои Бохтару Вахш интихобкунандагон аз мушкилоте ҳарф заданд, ки ҳалли он ба мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вобаста аст. Ин мушкилот таъминот бо оби нӯшокӣ, сохтмону таъмири кӯдакистон ва роҳҳои таъиноти маҳаллӣ, таъмини занону духтарон бо ҷойҳои кориро дар бар мегиранд», - гуфт ӯ.
Ба қавли вакил, интихобкунандагон аз он шикоят доранд, ки ҳамасола барои кӯдакони худ китобҳои дарсӣ мехаранд, вале пас аз як сол Вазорати маориф ин китобҳоро бекор карда, волидайнро маҷбур менамояд, ки китобҳои дарсии нашри навро харанд. «Ғайр аз ин, кишоварзон шикоят доранд, ки дар маҳалҳо ба хоҷагиҳои деҳқонии бузург муттаҳид шуданианд, вале ин ташаббус аз ҷониби мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ дастгирӣ намешавад», - иброз дошт С.Ҳусайнӣ.
Номбурда таъкид кард, ки дархости аҳолии ин ноҳияҳо доир ба таъмини кӯдакон бо китобҳои дарсӣ ва муттаҳид гардидан ба хоҷагиҳои деҳқонии бузургтарро, ки ҳалли он дар сатҳи маҳаллӣ ғайриимкон аст, то ба сохторҳои дахлдори давлатӣ хоҳад расонид.
Ёдрас мекунем, ки мувофиқи регламенти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, вохӯриҳои вакилон бо интихобкунандагон санаи 11-уми сентябр оғоз гардида, то 20-уми ҳамин моҳ идома меёбанд.




Куҳансолтарин зани Тоҷикистон чӣ ҳол дорад?
Медали тиллои варзишгари тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Беларус
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 43
Гранти президентӣ барои занони ҳунарманд. Ба куҷо бояд муроҷиат кард ва кадом ҳуҷҷатҳо лозим аст?
“Беш аз 180 ҳазор ҷой намерасад”. Муовини вазири маориф як мушкили гузаштан ба низоми таҳсили дувоздаҳсоларо шарҳ дод
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 марти соли 2026
Идомаи ҳамлаҳои шадид ба Теҳрону Тел-Авив ва изҳороти ду тараф дар бораи поёни ҷанг. Шабонарӯзи гузашта дар Ховари Миёна чӣ гузашт?
Дар 31 муассисаи Тоҷикистон хонандагон дар се баст таҳсил мекардаанд
Чин дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон 9 иншооти сарҳадӣ месозад
Сарфи назар аз афзоиши содирот, касри тавозуни савдои Тоҷикистон зиёд шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста