Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард.
Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе меҳмони олимақомро президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон истиқбол гирифт.
Мулоқоту музокироти расмии сатҳи олии Тоҷикистону Русия бо иштироки сарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин имрӯз ҷараён мегиранд.
Зимни гуфтушуниди созанда маҷмӯи васеи масоили сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, энергетикӣ, фарҳангӣ, амниятӣ ва ҳарбию техникӣ баррасӣ хоҳад шуд.
Пас аз музокирот ба имзо расидани як зумра санадҳои муҳим доир ба рушди ҳамкории минбаъдаи ду шарики стратегӣ дар назар аст.
Ҳамин тариқ, нимаи имрӯз дар маҷмаии «Кохи миллат» нахуст гуфтушуниди танҳо ба танҳои сарони кишварҳо ва сипас ҷаласаи васеъ бо иштироки ҳайатҳои ҳарду ҷониб доир мегардад.
Пас аз имзои асноди ҳамкорӣ барои намояндагони васоити ахбори умумии ватаниву хориҷӣ нишасти хабарии Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин доир мегардад.
Дар идома тибқи барномаи сафари президент Русия ба Тоҷикистон, Владимир Путин ба пояи лавҳаи ёдгории «Ризоияти миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон» - муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар мегузорад.
Интизорӣ меравад, ки нимаи дуюми рӯз президенти Русия аз пойгоҳи низомии 201-уми Русия боздид намуда, бо мақомот раҳбарии он дидору гуфтушунид мекунад.




"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
“Бо Эмомалӣ Раҳмон дар як ҳуҷра 10 соат баҳси тунд доштем”. Содир Жапаров баъзе ҷузъиёти ҳалли баҳси марзӣ бо Тоҷикистонро ошкор кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 январи соли 2026
Сабикаҳои тиллои Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2025 қариб 40% гарон шуданд
Теъдоди донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар Ӯзбекистон дар соли 2025-ум 2 баробар зиёд шудааст
Баъди ҳамлаҳои мусаллаҳона аз Афғонистон сохтмони як роҳи байналмилалӣ дар Дарвоз қатъ шудааст
Дар Тоҷикистон гирифтани тасдиқи маълумотнома дар бораи вазъи оилавӣ ба таври онлайнӣ ба роҳ монда шуд
Ҳукумати нав сохтанд ё ҷойгузини ҳам шуданд? Дар Украина чанд мансабдор аз вазифа рафт
Тағйироти кадрӣ. Ёрдамчии раисҷумҳур ва роҳбарони 9 шаҳру навоҳӣ нав шуданд
Боздошти як зодаи Тоҷикистон дар Русия дар робита ба марги як блогери рус
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста