Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои дохилии Федератсияи Русия Владимир Колоколтсевро, ки барои иштирок дар маҷлиси якҷояи ҳайати мушовараи Вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистону Русия ба Душанбе ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.
Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, дар мулоқот масоили ҳамгироии ду кишвар дар мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи трансмиллӣ, аз ҷумла ҷиноёте, ки дар заминаи терроризму ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир содир мегарданд, зоҳир гардид.
Сарвари давлати Тоҷикистон аз ҳамгироии босамари мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ду кишвар дар пешгирию ошкор намудани ҷиноятҳои гуногун ва дастгир кардани ҷинояткорони пурхатар изҳори қаноатмандӣ карда, ҳамзамон таъкид дошт, ки робитаҳои самарабахши вазоратҳои корҳои дохилии ду кишвар минбаъд дар самти мубодилаи иттилооти фаврӣ, омодасозӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳа ва расондани кӯмаки техникӣ бояд боз ҳам густариш ёбанд.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки зимни маҷлиси якҷояи ҳайати мушовараи вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистону Русия доир ба роҳҳои таҳкиму густариши ҳамкорӣ ва баланд бардоштани самарбахшии он қарорҳои дахлдор қабул мегарданд.




Аз додрасҳо то соҳибкорону занон ва коргарони НБО Роғун. Эмомалӣ Раҳмон соли гузашта киро танқид ва киро таъриф кард?
Таркишҳо дар Каракас. Венесуэла Амрикоро ба таҷовузи низомӣ муттаҳам кард
Марги як шаҳрванди Ӯзбекистон дар Русия. Тошканд ба Маскав нота фиристод
Марги ду корманди БДА бар асари фаромадани тарма дар Варзоб
Аз баргузории озмуну фестивалҳо то таъмири муассисот. Тоҷикистон барои рушди фарҳангу санъат қариб 100 млн сомонӣ ҷудо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 январи соли 2026
Барои рушди соҳаи энергетика дар 5 соли оянда $6,5 млрд лозим аст. Ҳукумати кишвар ин маблағро аз куҷо пайдо мекунад?
"Дов" оммавӣ шуд. Он аз пурҷоизатарин филми тоҷикӣ дониста мешавад
Озода Раҳмон ба модари Қобилҷон Алиев 300 ҳазор сомонӣ кӯмак кард
Маош аз 60 то 200 ҳазор рубл. Мақомот ба муҳоҷирони тоҷик дар Русия ҷойи кор пешниҳод доранд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста