Намояндагони Комиссияи марказии интихобот ва раъйдиҳии Тоҷикистон ба сифати гурӯҳи нозирон аз ИДМ дар мониторинги маъракаи интихобот ба Радаи Олии Украина, ки санаи 28-уми октябр баргузор мегардад, ширкат хоҳанд варзид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз КМИР-и ҷумҳурӣ хабар дод, ба ҳайати гурӯҳи нозирон аз кишварҳои узви ИДМ дар интихоботи парлумони Украина узви КМИР Ҷамшед Ҷамшедов ва сармутахассиси КМИР Тоҷикистон Хуршед Раҳматов шомил шудаанд.

Қобили зикр аст, ки 225 нафар вакили Радаи Олии Украина аз рӯйи рӯйхати ҳизбӣ ва нисфи дигари боқимонда дар ҳавзаҳои бузург (мажоритарӣ) интихоб мешаванд. Имтиёзи ба парлумон гузаштан барои ҳизбҳо 5%-ро ташкил медиҳад.

Натоиҷи таҳқиқоти ахир гувоҳи онанд, ки имконоти Ҳизби ҳокими минтақаҳои Украина ва нерӯҳои мухолиф дар ин интихобот қариб баробаранд.