Субҳи имрӯз дар Кувайт президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сарвазири Шоҳигарии Таиланд хонум Йинглак Шинаватра мулоқот намуд.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, дар вохӯрӣ масоили ҳамкории Тоҷикистону Таиланд, аз ҷумла дар заминаи санадҳои қарордодию ҳуқуқии миёни ду кишвар имзошуда, баррасӣ шуд.

Ба иттилои манбаъ, зарурати татбиқи босамари 7 санади муҳими ҳамкорӣ, ки моҳи августи соли 2005 дар Таиланд зимни сафари расмии Президенти Тоҷикистон доир ба бахшҳои тиҷорат, иқтисод, илму техника, туризм ва ҷалби сармоя ба имзо расида буд, таъкид гардид.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои густариши бештари робитаҳо Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории гуногунсоҳаи дуҷониба таъсис дода шавад.

Аз сарвазири Шоҳигарии Таиланд хонум Йинглак Шинаватра даъват карда шуд, ки ба Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф биёрад.