Вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Нодира Турдиматова ва Амирбек Маҳмадалиев дар ҷаласаи 10-уми Маҷмаи умумии парлумонҳои Осиё, ки санаи 24-уми октябр дар шаҳри Бангкок ба кор шурӯъ мекунад, ширкат хоҳанд варзид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов хабар дод, дар ҷаласаи мазкур аз фаъолияти Маҷмаи умумии парлумонҳои Осиё дар соли гузашта ва нуҳ моҳи соли ҷорӣ натиҷагирӣ шуда, нақшаҳои фаъолият барои соли 2013 баррасӣ мешаванд.

Қобили зикр аст, ки Маҷмаи умумии парлумонҳои Осиё соли 1982 таъсис дода шуда, соли равон 30-умин солгарди таъсисёбии худро ҷашнро мегирад. Феълан парлумонҳои 25 кишварҳои қораи Осиё ва Океания аъзои он мебошанд.