Аз 24 то 27-уми октябр дар ҳайати вакилон, аъзои Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ оид ба фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳӣ варзишгари шинохтаи ҷаҳон, Устоди шоистаи варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ, чемпиони секаратаи олимпӣ, чемпиони дукаратаи ҷаҳон, чемпиони ёздаҳкаратаи Аврупо дар рақси рӯи ях, вакили Думаи давлатии Русия ва узви ҳизби умумирусиягии «Русия воҳид» (Единая Россия) Ирина Роднина ба Душанбе ташриф меорад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов хабар дод, дар ҷараёни сафар ба Тоҷикистон Ирина Роднина ва ҳайати вакилони Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ-ро раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров ба ҳузур пазируфта, бо  ҳайат дар комиссияву кумитаҳои соҳавии Маҷлиси намояндагон мулоқотҳо доир мегарданд.

Ба гуфтаи ӯ, рӯзи 25-уми октябр дар бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ оид ба фарҳанг, иттилоот, сайёҳӣ ва варзиш баргузор мегардад.