Зимни нишасти хабарии нахустини худ сафири нави ИМА дар Тоҷикистон Сюзен Эллиот изҳор кард, ки ҳузури низомии Русия дар Тоҷикистон ба ҳеҷ ваҷҳ ба ҳамкории низомӣ миёни Душанбеву Вашингтон таъсир расонида наметавонад.

«Пойгоҳи низомии Русия ҳанӯз аз замони шӯравӣ дар Тоҷикистон мустақар аст ва ман бар ин назарам, ки он барои тақвияти ҳамкориҳои низомӣ миёни Тоҷикистону ИМА монеъа эҷод намесозад», - таъкид дошт дипломат.

Сафир бори дигар таъкид намуд, ки ИМА пас аз соли 2014 нияти дар Тоҷикистон ё дигар кишвари минтақаи Осиёи Марказӣ кушодани маркази транзитиро надорад.

«Айни замон нуқтаҳои транзитии мо дар Тоҷикистон вуҷуд доранд, ки тавассути онҳо маҳсулоти ғайринизомӣ ба Афғонистон интиқол дода мешавад», - гуфт ӯ.

Номбурда ҳамчунин афзуд, ки чанде қабл фармондеҳи нақлиёти ИМА ба Душанбе ташриф овард ва масъалаи мазкур, аз ҷумла бунёди зербинои зарурӣ барои ҳамлу нақли транзитӣ дар меҳвари гуфтушунидҳои ӯ бо мақомоти Тоҷикистон қарор дошт.