Чанде қабл сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев сафири Юнон дар  Тоҷикистон бо қароргоҳ дар шаҳри Москва ҷаноби Михаил Спинеллисро бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфт. 

Бино ба маълумоти хадамоти матуботи сафоратхонаи ҶТ дар Русия, дар оғози мулоқот дипломати юнонӣ табрикоти самимии кишварашро ба Тоҷикистон, ки ба тозагӣ узви Созмони Умумиҷаҳонии Савдо гардидааст, ироа намуд.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни мулоқот доираи васеи масоили муносибатҳои байни Тоҷикистон ва Юнон, аз ҷумла, ҳамкориҳои судманд дар риштаҳои мухталиф баррасӣ гардиданд. Ҷонибҳо ҳавасмандии устувори худро ба густариши минбаъдаи робитаҳои дӯстона таъкид намуданд.