Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон таҳти сарварии мудири шуъбаи интихоботи ҳизб ситоди омодагӣ ба интихоботи президентиро таъсис дод.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҲНИТ хабар дод, дар ҷаласаи нахусти ситод масъалаи ташкили курсҳои кӯтоҳмуддати омодагии нозирон аз ҲНИТ дар комиссияҳои интихоботии ҳавзавӣ ва минтақавӣ баррасӣ шудаанд.

«Ситоди омодагии ҲНИТ ба маъракаи тирамоҳии интихоботи президент ба фаъолияти бахшиҳои ҳизб дар ин давра миёни муҳоҷирони корӣ, занон ва ҷавонон тақвият бахшиданист», - гуфт манбаъ.

ҲНИТ ба унвони ҳарифи асосии Ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон арзёбӣ мешавад. ҲНИТ соли 1973 дар шаҳри  Қӯрғонтеппа пинҳонӣ ба сифати гурӯҳи сиёсӣ таҳти сарварии марҳум Саид Абдуллоҳи Нурӣ ташкил гардида буд. Феълан шумори аъзои ҲНИТ беш аз 50 ҳазор нафарро ташкил дода, дар палатаи поёнии парлумон ҲНИТ-ро ду нафар вакилон намояндагӣ мекунанд.