Дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии парлумон таҳти раёсати раиси МН МО ҶТ Шукурҷон Зуҳуров дар бораи таъсиси гурӯҳи дӯстӣ миёни палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ва Маҷлиси миллии Фаронса қарор қабул шуд. Грӯҳи дӯстии парлумони Тоҷикистонро раиси Кумита оид ба илм, маориф ва сиёсати ҷавонони парлумон Марҳабо Ҷабборова сарварӣ мекунад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов хабар дод, дар ҷаласаи Шӯро ҳамчунин лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи кооперативҳо» мавриди баррасӣ қарор гирифта, бо пешниҳоди Шукурҷон Зуҳуров барои таҳияву такмили дубора ба Кумитаи парлумон оид ба масоили аграрӣ ва экология фиристода шуд.

Ба қавли Султонов, дар ҷаласаи Шӯро масоили ворид намудани тасҳеҳот ба қонунҳои кишвар «Дар бораи маҳдуд сохтани истифодаи маҳсулоти тамоку» ва «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба навъҳои ҷудогнаи фаъолият» низ баррасӣ шуданд.

Зимнан зикр гардид, ки аксари масоили баррасишуда ба рӯзномаи ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, ки нимаи ҳафтаи оянда баргузор мегардад, ворид карда шуданд.