Дар шаҳри Париж мулоқоти Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ЮНЕСКО Рустамҷон Солиев бо Мудири кулли ЮНЕСКО хонум Ирина Бокова баргузор гардид.

Бино ба маълумоти департаменти иттилоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни сӯҳбат ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳоро миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ЮНЕСКО дар соҳаҳои маориф, фарҳанг ва илм муҳокима намуданд.

Тарафҳо ба раванди густариши равобити дуҷониба дар ҳошияи барномаҳои кунунии ҳамкорӣ баҳои мусбат доданд.

Сафир дар бораи ташаббусҳои Тоҷикистон, ки ба истифодабарии оқилона ва самараноки захираҳои об нигаронида шудаанд, муфассал маълумот дод.

Дар рафти гуфтушунид оид ба иштироки фаъоли Тоҷикистон дар маросими муаррифии «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013», ки 11 феврали соли 2013 дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Париж баргузор мегардад, роҷеъ ба гузаронидани Конфронси Душанбе оид ба масъалаҳои об дар моҳи августи соли равон таҳти сарпарастии Созмони Милали Муттаҳид табодули назар сурат гирифт.

Сипас ҷонибҳо вазъи амнияти минтақавӣ, аз ҷумла, масъалаҳои дастрасӣ ба сулҳу субот дар Афғонистон ва барқарорсозии иҷтимоиву иқтисодии онро матраҳ карданд.

 Мудири кулли ЮНЕСКО нақши муҳими Тоҷикистонро дар дастрасӣ ба сулҳу субот дар Афғонистон ва ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи истифодабарии самараноки захираҳои об дар минтақа ва ҷаҳон баланд арзёбӣ намуд.