Раиси Кумита оид ба масоили аграрӣ ва экологии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Саиди Ёқубзод дар ҳайати нозирони ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ дар мониторинги маъракаи интихоботи президенти Арманистон ширкат хоҳад варзид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз палатаи поёнии парлумони кишвар хабар доданд, ахири ҳафтаи оянда Саиди Ёқубзод бо ин мақсад озими шаҳри Ереван мегардад.

Ёдрас мекунем, ки аз Тоҷикистон ба ҳайати нозирон аз ИДМ дар маъракаи интихоботи президенти Арманистон ҳамчунин муовини раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйдиҳии Тоҷикистон Саидбой Зокиров ва узви ин комиссия Нурулло Маҳмадуллоев низ шомиланд.

Маъракаи интихоботи президенти Арманистон 18-уми феврал баргузор мешавад. Ба ишғоли курсии сарвари давлати Арманистон 8 нафар номзадон сабти ном шудаанд. Тибқи назарсанҷиҳо, президенти амалкунандаи Арманистон Серж Саргсян метавонад аз 68,6 то 72%-и раъйи интихобкунандагонро ба даст орад.