Имрӯз вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ҷиҳати иштирок дар 12-умин нишасти сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ, ки аз 6 то 7-уми феврали соли 2013 барпо мешавад, ба Қоҳира сафар намуд.
Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар ҷараёни иҷлоси мазкур суханронии Вазири корҳои хориҷӣ пешбинӣ гардидааст, ки дар он мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҷеъ ба масъалаҳои муҳимме, ки бо онҳо кишварҳои аъзои Созмон рӯ ба рӯ шудаанд, инъикос хоҳад ёфт.
Дар ҳошияи нишаст инчунин баргузории мулоқотҳои дуҷонибаи Вазири корҳои хориҷии кишвари мо бо намояндагони кишварҳои аъзои СҲИ дар назар гирифта шудааст.
Бино ба маълумоти Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг (ЮНЕСКО), рӯзи 11-уми феврал дар шаҳри Париж вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ дар маросими бахшида ба оғози Соли байнулмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи захираҳои об ширкат меварзад.




Сокинони кишвар дар моҳи март чанд рӯз истироҳат мекунанд?
Ҳаҷми маҳсулоти дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон истеҳсолшуда беш аз 30% афзуд
Беш аз 200 кас аз Эрон ва зиёда аз 110 кас аз Иморот ба Ватан омаданд. Тоҷикистон шаҳрвандонашро аз Ховари Миёна бармегардонад
Дар пайи садамае дар Душанбе се ҷавони 25-сола ҷон бохтааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 40
Низои маҳдуд, шиддатгирии вазъ ва бесуботии дохилӣ дар Эрон. Се гузинаи таъсири ҷанг дар Эрон ба Тоҷикистон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 марти соли 2026
Тоҷикистон барои баргардони шаҳрвандонаш аз кишварҳои Ховари Миёна парвозҳои чартерӣ ташкил мекунад
Соли гузашта 9 мансабдор барои нақзи қонуни танзим ба додгоҳ кашида шудаанд
Эрон содироти маҳсулоти хӯроквориро манъ кард. Ин ба Тоҷикистон чӣ таъсир мерасонад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста