Рӯзи 5-уми феврал Вазорати адлияи Тоҷикистон Саидҷаъфар Исмоновро расман ҳамчун раиси нави Ҳизби демократии Тоҷикистон эътироф намуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» узви Шӯрои сиёсии ҲДТ, рӯзноманигор Раҷаби Мирзо хабар дод, пас аз санҷиши беш аз якмоҳаи ҳуҷҷатҳои анҷумани ғайринавбатии ҳизб чунин қарор қабул шудааст.
«Вазорати адлия Оинномаи ҳизбро дубора ба қайд гирифта, аз мансаб барканор шудани акнун собиқ раиси ҲДТ Масъуд Собиров қонунӣ гардид», - зикр кард ӯ.
Дар Анҷумани ғайринавбатии Ҳизби демократии Тоҷикистон (ҲДТ), ки рӯзи 23-юми декабр дар шаҳри Душанбе бо иштироки 85 нафар вакилон баргузор шуд, дар бораи таъсиси Шӯрои сиёсии ҳизб тасмим гирифта шуд.
Ҳамин тариқ, дар анҷуман тамоми ҷиноҳҳои ҲДТ, аз ҷумла ҷиноҳе, ки Масъуд Собировро ба сифати раиси ҳизб эътироф намекарду Маҳмадрӯзи Искадаровро раиси худ мешинохт, муттаҳид шуданд.
Қаблан шуъбаву бахшҳои вилоятии ҲДТ дар вилояти Суғду Хатлон ва ВМКБ аз эътирофи Масъуд Собиров ҳамчун раиси ҳизб даст кашида буданд. Соли 2006 дар анҷумани ғайринавбатии ҲДМ Масъуд Собиров аз ҷониби гурӯҳи демократҳо раиси ҳизб интихоб шуд. Аз кӯшишҳои ҷонибдорони М.Искандаров бобати бо тартиби судӣ ғайриқонунӣ эътироф кардани мақомоти раҳбарии ҳизб таҳти сарварии Собиров ҳеҷ натиҷае ҳосил нашуд. Баръакс, суд ба ҷонибдорони Искандаров истифодаи нишонаҳои ҲДТ-ро манъ намуда буд.
“Хариду фурӯш”-и сарбоз? Дар Суғд оилаҳое, ки писарашон ба хидмати ҳарбӣ намеравад, маблағ ҷамъ мекунанд
Такрори бӯҳрон? Ихтилофи навбатӣ дар сафи Ҳизби демократи Тоҷикистон
Аз ятимӣ то Ватансозӣ: рӯзгори сарсупурдае, ки аз ҷанг ба сиёсат расид
Рӯзи ғалаба муборак, Тоҷикистон!
Вазъи омӯзгори дар муноқишаи ахири сарҳадӣ захмбардошта муътадил арзёбӣ мешавад
Эмомалӣ Раҳмон баъди гулчамбаргузорӣ дар “Боғи Ғалаба”-и Душанбе ба Русия рафт
“Ворисони шашмақом” - муаррифи санъати мусиқии Шашмақом ва мақомсароёни тоҷик
Боздиди гурӯҳе аз вакилони парлумони Олмон аз Тоҷикистон
Даромад ба воситаи ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ. Чӣ гуна Меҳринисо дар ташкилоти “Шодком” пул кор карданро омӯхт?
Размикорони тоҷик дар UFC: мақоми Алиев, Наимов, Раҷабов ва Ғафуров дар радабандӣ
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста