Пас аз мулоқот бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ёвари Котиби давлатии ИМА оид ба Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ Роберт Блейк изҳор намуд, ки дар мавриди хурӯҷи нерӯҳои низомӣ аз Афғонистон ИМА аз қаламрави Тоҷикистон истифода карданӣ нест.
«Дар яке аз машваратҳо президенти ИМА изҳор кард, ки хурӯҷи нерӯҳои низомии Амрико аз Афғонистон моҳи феврали соли оянда дар назар аст, аммо то ҷое ман огаҳӣ дорам, хурӯҷи нерӯҳои низомӣ тавассути қаламрави Тоҷикистон пешбинӣ намешавад», - гуфт вай.
Ёвари Котиби давлатии ИМА ба ҳукумати Тоҷикистон барои дастгирии таъмини субот дар минтақа изҳори минннатдорӣ намуд.
«Ба ман фурсат даст дод, ки ба президенти Тоҷикистон барои дастгирии ташаббусҳо ҷиҳати таъмини субот дар Афғонистон ва ҳамчунин пуштибонӣ аз тамоми кӯшишҳои аз ҷониби эътилоф суратгирифта баҳри таъмини субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори миннатдорӣ намоям», - иброз дошт номбурда.
Р.Блейк зикр кард, ки зимни мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон масоили густариши муносибатҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ дар бахши таҳкими марзҳо, мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва терроризм мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.
«Ҳамчунин атрофи як қатор масоили марбут ба маъракаи интихоботии президентиии моҳи ноябр дар Тоҷикистон низ табодули назар сурат гирифта, мо аз сарвари давлат дархост намудем, ки баргузории интихоботи озоду шаффоф ва ҳамчунин озодии ВАО-ро таъмин намояд», - баён кард ӯ.
Номбурда таъкид кард, ки ин тамоми масоиле буд, ки зимни мулоқот бо президент матраҳ гардид ва илова намуд, ки масъалаи истифодаи имконпазири кадоме аз иншооти низомӣ дар Тоҷикистон аз ҷониби ИМА баррасӣ нашудааст.




Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 декабри соли 2025
Далели нав барои ҷарима. Дарҷ накардани маълумот зарурӣ дар расид муҷозот мешавад
Мероси урани Тоҷикистон: барои халосӣ аз зарари он чӣ қадар маблағ лозим аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 декабри соли 2025
Боз як пардохти ҳатмӣ. Ширкатҳои мобилӣ уҳдадор шуданд, ки барои нобудсозии “антенна”-и худ пул диҳанд
“Ба музояда касе наомад”. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” боз харидор наёфт
Марги 2 кас дар пайи таркиши мина. Дар Тоҷикистон то ҳол беш аз 12 км мураббаъ аз минаҳо тоза нашудаанд
“Дар дилхоҳ шуъбаи Оҷонсӣ метавонед аз қайд гузаред”. Ҷузъиёти шиносоии чеҳраи нафақагирон дар Тоҷикистон
Дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон як муштзани тоҷик ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт
Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Сардор ва Қурбонбонгулӣ Бердимуҳаммадовҳо дар Ашқобод
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста