Ахири ҳафтаи гузашта дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Рашт маҷлиси тантанавии Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) доир гардид, ки дар кори он муовини раиси ҲХДТ Асрор Латипов иштирок ва суханронӣ намуд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲХДТ, дар ин чорабинӣ Асрор Латиров ба 200-ҳазорумин аъзои ҲХДТ – яке аз фаъолони ҳизб дар минтақаи мазкур Дилафрӯз Камолова шаҳодатномаи ҳизбӣ супурд. Шаҳодатнома аз ҷониби раиси ҳизб – президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расидааст.

Ба иттилои манбаъ, ба Дилафрӯз Камолова ҳамчунин аз ҷониби роҳбарияти ҲХДТ ба таври рамзӣ як телефони мобилии «Samsung» низ туҳфа тақдим карда шуд.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, айни замон шумори аъзои он беш аз 200 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ҳудуди 40 дарсади аъзои ҳизб ҷавонон мебошанд. Раиси ҳизб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҲХДТ мебошанд.