Дар ҷаласаи имрӯзаи навбатии иҷлосияи чоруми МН МО ҶТ масъалаи пеш аз муҳлат қатъ кардани ваколатҳои намояндаи мардумӣ аз Ҳизби аграрии Тоҷикистон Рустам Латифов баррасӣ мешавад.
Ғайр аз ин, ӯ имрӯз ҳамчунин аз ҳайати Комиссияи муваққатии экологӣ ва Кумита оид ба масоили аграрии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ низ хориҷ хоҳад шуд.
Ёдрас мекунем, ки санаи 18-уми феврал бо фармони сарвари давлат Рустам Латифов раиси ноҳияи Восеи вилояти Хатлон таъин карда шуд ва мувофиқи қонунгузории Тоҷикистон, Рустам Латифови баъди ин таъинот бояд ваколатҳои худро дар палатаи поёнии парлумон пеш аз муҳлат супорад.
Тавре қаблан бо такя ба гуфтаҳои роҳбари маъмурияти Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҶТ Абдуманнон Додоев хабар дода будем, муҳлати интихоби вакили нави МН МО ҶТ аз ҳавзаи интихоботии №39-и Восеъ, ки аз онҷо Р.Латифов интихоб шуда буд, дар муддати се моҳ баъди аз ҷониби палатаи поёнии парлумон расман қабул шудани қарор дар бораи қатъи ваколатҳои Латифов таъин карда мешаванд.
Қобили зикр аст, ки дар палатаи поёнии парлумон Рустам Латифов Ҳизби аграрии Тоҷикистонро намояндагӣ мекард, ки чун Ҳизби коммунист ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар парлумон ду намоянда доранд. Дар МН МО ҶТ Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон 45 курсӣ дошта, боз 10 нафари узви парлумон вакилони ғайриҳизбӣ мебошанд.




Tarona Music Award - 2025: Ҷашни шодиву сурур наздик аст!
Мактабу кӯдакистон, бозор ва корхонаи истеҳсолӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Турсунзода кадом иншоотро ба истифода дод?
Зарару фоидаи электромобил. Чаро бархе мардон аз харидории мошинҳои барқӣ худдорӣ мекунанд?
Даргузашти Саидвалӣ Ӯзбеков, собиқ вакили порлумон ва ноиби пешини раиси вилояти Хатлон
Орун Афшор ва Муҳсин Иброҳимзода ба Тоҷикистон меоянд. Консерти онҳо кай ва дар куҷо мегузарад?
Аз зодрӯзу хатнасур ва саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ, то фолбинию фоҳишагӣ. Аз соли нав барои кадом қонуншиканӣ ҷарима боло меравад?
“Google” ва “Apple” ба корбарони худ дар Тоҷикистон дар бораи ҳамлаҳои сайберӣ ҳушдор додаанд
Идомаи “шикори хлопушка”. Боз ду нафарро бо гумони фурӯши маводи тарфгарӣ боздошт кардаанд
Ба як ҷойи кории холӣ дар кишвар 6 кас рост меоянд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 38
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста