Дар шаҳри Душанбе машваратҳои дуҷониба миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Давлати Исроил баргузор гардиданд.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ ҳайати ҷониби тоҷикистониро муовини Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ҷ-би Низомиддин Зоҳидов ва ҳайати ҷониби исроилиро муовини Директори генералии Вазорати корҳои хориҷии Давлати Исроил х-м Анна Азарӣ роҳбарӣ намуданд.

Ба иттилои манбаъ, зимни машваратҳои дуҷониба мавзӯъҳои муҳими дорои эҳтимоми тарафайн, аз ҷумла, рушди муносибатҳои дуҷониба баррасӣ гардиданд. Ҷонибҳо ҳамчунин дар атрофи мушкилиҳои глобалии ҷаҳон ва минтақаи ИДМ, вазъият дар Шарқи Наздик ва Афғонистон табодули назар намуданд.

Зимнан зикр мегардад, ки машваратҳои дуҷониба бо имзо намудани Ёддошти тафоҳум оид ба баргузор намудани машваратҳои дуҷониба миёни Вазорати корҳои хориҷии Давлати Исроил ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба итмом расиданд.