Дар мулоқоти имрӯзаи сарони кишварҳои Тоҷикистону Австрия Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳайнтс Фишер масоили таҳкими ҳамкориҳо дар бахшҳои энергетикаву иқтисод ва саноати сабуку истеҳсоли маводи ғизойӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зимни нишасти хабарӣ пас аз анҷоми гуфтушунид сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор кард, ки дар вохӯрӣ ҳамчунин атрофи масъалаҳои мубориза бо терроризми байнулмилалӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ситезаҷӯиҳои замони муосир ва ҳамчунин вазъи амнияти минтақавӣ, аз ҷумла вазъи кунунӣ дар Афғонистон табодули назар сурат гирифтаааст.
Ғайр аз ин, ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, сарони ҳарду кишвар дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши гуманитарӣ, аз ҷумла бахши фарҳангу маориф ва илмро низ муҳокима карда, асноди аз рӯйи натоиҷи гуфтушунид баимзорасида ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳо такони ҷиддӣ хоҳанд бахшид.
Сарвари давлати Тоҷикистон таъкид намуд, ки аз ҳамоиши доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Австрия, ки нимаи дуюми имрӯз дар Душанбе баргузор мешавад, умедвории зиёд дорад.
Дар навбати худ, президенти Австрия Ҳайнтс Фишер зикр кард, ки ба ҳайати Австрия кормандони ҳукумати федералӣ, муовини раиси парлумон, намояндагони бахши фарҳангу рӯзноманигорон шомиланд.
Ба гуфтаи Фишер, пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ, Аврупо ва бахусус Австрия ба кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳи хосса дорад ва таъкид намуд, ки муносибатҳо бо ин кишварҳо тамоили рушдро касб кардааст.
«Дар сохтмони нерӯгоҳҳои барқӣ, истеҳсоли таҷҳизоти энергетикӣ, сохтмони роҳҳои оҳану автомобилгард ва пулҳо Автсрия дар Аврупо мавқеи пешрафта дорад ва айни замон эҳтиёҷоти Тоҷикистон дар ин самт мушоҳида мешавад», - иброз дошт вай.
Президенти Австрия аз узвияти Тоҷикистон ба Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ бо хушнудӣ истиқбол намуда, дар баробари он таъкид дошт, ки барои густариши ҳамкориҳои устувору дарозмуҳлат пеш аз ҳама волоияти қонун, кафолатҳои ҳуқуқӣ барои сармоягузорон ва риояи ҳуқуқи инсон зарур аст.
Дар робита ба масъалаи мубориза бо терроризми байнулмилалӣ ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир Ҳ.Фишер зикр кард, ки «барои ин чорабиниҳои пешгирикунанда аз қабили беҳбуди ҳаёти аҳолӣ ва таҳаммулпазирии мазҳабӣ заруранд».




Далели нав барои ҷарима. Дарҷ накардани маълумот зарурӣ дар расид муҷозот мешавад
Мероси урани Тоҷикистон: барои халосӣ аз зарари он чӣ қадар маблағ лозим аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 декабри соли 2025
Боз як пардохти ҳатмӣ. Ширкатҳои мобилӣ уҳдадор шуданд, ки барои нобудсозии “антенна”-и худ пул диҳанд
“Ба музояда касе наомад”. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” боз харидор наёфт
Марги 2 кас дар пайи таркиши мина. Дар Тоҷикистон то ҳол беш аз 12 км мураббаъ аз минаҳо тоза нашудаанд
“Дар дилхоҳ шуъбаи Оҷонсӣ метавонед аз қайд гузаред”. Ҷузъиёти шиносоии чеҳраи нафақагирон дар Тоҷикистон
Дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон як муштзани тоҷик ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт
Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Сардор ва Қурбонбонгулӣ Бердимуҳаммадовҳо дар Ашқобод
Ҷоми Осиё U-17: 16 даста муайян шуд ва Тоҷикистон дар сафи беҳтаринҳо аст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста