Иқтибос дар бораи Тоҷикистон аз суханронии вакили Парлумони Аврупо Струан Стивенсон дар Донишгоҳи Кембриҷ дар Форуми бахшида ба Осиёи Марказӣ (6 марти соли 2013)
Аксарияти шумоён, ки имшаб дар ин ҷо қарор доред, донишҷӯёне мебошед, ки робитаҳои байналмилалиро меомӯзед, бинобар ин ба ман иҷозат диҳед чунин иттилоъ диҳам. Муҳлати зиёд аст, ки ман меҳисобидам, ки Тоҷикистон метавонад дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шарики стратегии Аврупо ва Ғарб дар Осиёи Марказӣ нақши муҳимро бозад. Ин нуқтаи назарро ман борҳо дар мукотиба бо Президенти Парлумони Аврупо Ержи Бузек ва Сарвазири Британияи Кабир Дэвид Кэмерон баён карда будам. Инчунин, ин нуқтаи назар дар таҷрибаи шахсии худам оид ба Тоҷикистон асос ёфтааст.
Вале мехостам таваҷҷуҳи ҳозиринро ба муҳити зист дар минтақа ва чӣ тавре ки ман қайд кардам, ба масъалаҳои обӣ, ки бешакку шубҳа масъалаи мубрам аст, ҷалб намоям. Бинобар кӯҳсорӣ будани сарзамини тоҷик, мушкилоти норасоии захираҳои обӣ ва маҳдудияти дастрасӣ ба об Тоҷикистонро дахолат накард. Новобаста аз ин, ман эътироф менамоям, ки ҳамчун кишвари болооб дар шабакаи бузурги обҳои табиии Осиёи Марказӣ, Тоҷикистон дар назди ҳамсояҳои худ, ки дар маҷрои поён ҷойгир мебошанд, масъул аст.
Чунин масъалаҳои обӣ, ки ба кишварҳои болооб ва поёноби Осиёи Марказӣ таъсир мерасонанд, сарчашмаи ташаннуҷи доимӣ буда, лоиҳаи сохтмони НОБ-и Роғун дар дарёи Вахш мавзӯи баҳси махсус гардидааст. Дар сурати ба кор даромадан, Роғун 3600 МВт нерӯи барқӣ истеҳсол хоҳад кард. Сохтмони зиёда аз 45 мил нақбҳои зеризаминӣ дар давраи шӯравӣ ба анҷом расидааст ва зиёда аз 5000 коргар шабу рӯз дар сохтмони толорҳои зеризаминӣ, ки дар он турбинаҳо ҷой хоҳанд гирифт, машғуланд. Ба нақша гирифта шудааст, ки садди дарёи Вахшро дар водии танг, ки дар он Роғун дар баландии 335 метр бо сарбанди сангу хокӣ ҷойгир хоҳад шуд, мебанданд.
Ӯзбекистон зидди лоиҳаи НОБ-и Роғун баромад намуда, таъкид карда истодааст, ки ин ба Тоҷикистон имконияти назорати маҷрои обро медиҳад ва дар сурати заминларза метавонад ба харобиҳо оварад. Ба ӯзбекҳо бояд имконияти баён намудани нигаронии худ дода шавад ва мо бояд инчунин ба ин масъала баркашида, мантиқӣ ва оқилона муносибат намоем, ки натиҷаи беҳтаринро барои ҳарду кишвар ва махсусан муҳим ба халқҳои Осиёи Марказӣ кафолат диҳем.
Дар маърӯзае, ки ман барои САҲА таҳия карда будам, ман қайд кардам, ки чунин вокуниш ба лоиҳа бармаҳал аст. Ман фикр мекунам, ки Ӯзбекистон ва дигар кишварҳои поёноби Осиёи Марказӣ бояд натиҷаи таҳлили лоиҳаро аз ҷониби мутахассисони Бонки умумиҷаҳонӣ, ки муҳлати наздиктарин нашр хоҳад шуд, интизор шаванд.
Ман инчунин қайд кардам, ки обанбори НОБ-и Роғун ба монанди обанбори НОБ-и Норак, ки тақрибан 75 км аз шарқи Душанбе ҷойгир аст, хоҳад буд. Сарбанди НОБ-и Норак бо баландии 300 метр низ бо сангу хок сохта шудааст ва яке аз калонтарин обанборҳои Тоҷикистон мебошад, масоҳати он 70 км бо ҷуқурии 220м аст. Норак, ки дар давраи шуравӣ сохта шудааст, ба заминларзаҳо дар давоми чаҳор даҳсола истодагарӣ намуда, то ҳол фаъолият дорад.
Зимни сохтмон бо касбияти кофӣ ва масолеҳе, ки метавонад ба заминларза тоб оварад, ман боварӣ дорам, ки ҳам сарбанди Норак ва ҳам сарбанди Роғун сохторҳои ҳаётан муҳим мебошанд, ки барои дастгирии амнияти молиявӣ дар Тоҷикистон ва барои суботи минтақавии Осиёи Марказӣ истифода гардад. 95% нерӯи барқ дар Тоҷикистон тавассути нерӯгоҳҳои обию барқӣ истеҳсол карда мешавад. Хати интиқоли барқ ва инфрасохтор, ки барои фурӯши барқ ба кишварҳои ҳамсоя ба Афғонистон ва Покистон лозим аст, сохта шуда истодааст.
Барои пур намудани обанбори НОБ-и Роғун даҳ сол лозим аст, пеш аз он, ки пурра фаъолият намояд, вале ҳукумати Тоҷикистон кафолат додааст, ки об ба кишварҳои поёноби ҳамсоя, дар ҳаҷми истифодашавандаи ҳозира тавассути Сирдарё ва Амударё таъмин карда мешавад. Онҳо инчунин таъкид намуда истодаанд, ки низоми нави сарбандҳо идоракунии сарчашмаҳои обиро ба таври дахлдор таъмин менамояд ва ба манфиати ҳама аст. Тоҷикон қайд намуда истодаанд, ки 60 дарёҳое, ки аз кишварҳои Осиёи Марказӣ мегузаранд, аз Тоҷикистон сарчашма мегиранд. Онҳо борҳо таъкид намудаанд, ки ҳеҷ гоҳ ба ҳамсоягони поёноби худ маҷрои обро маҳдуд накардаанд ва нахоҳанд кард.
Дар сурати сохтмони дуруст ва ба истифода додан, НОБ-и Роғун ҳамчун манбаи нерӯи “сабз” ва аз ҷиҳати экологӣ тоза хизмат хоҳад намуд, ки ҳамзамон арзон ва фаровон буда, эҳтиёҷоти Тоҷикистонро қонеъ гардонида, инчунин кишварҳои минтақа, аз ҷумла Афғонистон ва Покистонро бо нерӯи бузург таъмин хоҳад кард.
Ба фикри ман, ин вазъи бурднок дар минтақае мебошад, ки ба нерӯи барқ ниёзи калон дорад. Дар тавъам бо истифодаи бештар стратегии об дар кишварҳои поёноб, бо обанборҳои бетонӣ ва обёрии қатрагӣ, ҳеҷ сабабе нест, ки чаро захираҳои бойи обӣ дар Осиёи Марказӣ наметавонанд мунсифона тақсим шаванд ва чуноне истифода шаванд, ки ба ояндаи водии Фарғона таҳдид накарда, балки гарави беҳбудии водии Фарғона хоҳад шуд.
Тоҷикистон дар мудирияти захираҳои обӣ дар Осиёи Марказӣ пешво буда, ҳамсоягони худро бо нерӯ ва об таъмин мекунад. Тоҷикистон ба ин масъулият ҷиддӣ муносибат менамояд ва ин кишвар сазовори ҳавасмандкунии Ғарб дар ташаббускориҳои худ аст.




Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 декабри соли 2025
Боз як пардохти ҳатмӣ. Ширкатҳои мобилӣ уҳдадор шуданд, ки барои нобудсозии “антенна”-и худ пул диҳанд
“Ба музояда касе наомад”. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” боз харидор наёфт
Марги 2 кас дар пайи таркиши мина. Дар Тоҷикистон то ҳол беш аз 12 км мураббаъ аз минаҳо тоза нашудаанд
“Дар дилхоҳ шуъбаи Оҷонсӣ метавонед аз қайд гузаред”. Ҷузъиёти шиносоии чеҳраи нафақагирон дар Тоҷикистон
Дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон як муштзани тоҷик ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт
Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Сардор ва Қурбонбонгулӣ Бердимуҳаммадовҳо дар Ашқобод
Ҷоми Осиё U-17: 16 даста муайян шуд ва Тоҷикистон дар сафи беҳтаринҳо аст
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Пайи по”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Зукоми “ҳонконгӣ”. Вазорати тандурустӣ гуфт, ин беморӣ дар Тоҷикистон сабт шудааст, аммо ҷойи нигаронӣ нест
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста