Муҳиддин Кабирӣ, Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо даъвати роҳбарияти ширкати "Алҷазира" - яке аз маъруфтарин шабакаҳои иттилоотии ҷаҳон, дар форуми 7-уми он ширкат ва суханронӣ хохад кард.
Бино ба иттилои сомонаи расмии хНИТ, ин форум дар шаҳри Доҳаи давлати Қатар баргузор гардида, байни коршиносон номи "Давоси Шарқ"- ро гирифтааст ва дар фаъолиятҳои он сиёсатмадорону сармоягузорон ва коршиносони маъруф ширкат мекунанд.
Ба иттилои манбаъ, форуми имсола таҳти унвони "Олами нав ва фурсатҳои нав" баргузор мегардад ва мутахассисон талош мекунанд, ки роҳҳои асосии истифодаи фурсатҳои навро барои кишвархои Шарқ баррасӣ намоянд.
Аз кишварҳои собиқ Шуравӣ инчунин академик Наумкин, директори Институти шарқшиносии Русия низ ба ин форум даъват шудааст.
Дар назар аст, ки дар ҳошияи форум ширкаткунандагон дар мусоҳабаҳо ва дигар фаъолиятҳои телевизиони "Алҷазира" ширкат хоханд кард.




Далели нав барои ҷарима. Дарҷ накардани маълумот зарурӣ дар расид муҷозот мешавад
Мероси урани Тоҷикистон: барои халосӣ аз зарари он чӣ қадар маблағ лозим аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 декабри соли 2025
Боз як пардохти ҳатмӣ. Ширкатҳои мобилӣ уҳдадор шуданд, ки барои нобудсозии “антенна”-и худ пул диҳанд
“Ба музояда касе наомад”. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” боз харидор наёфт
Марги 2 кас дар пайи таркиши мина. Дар Тоҷикистон то ҳол беш аз 12 км мураббаъ аз минаҳо тоза нашудаанд
“Дар дилхоҳ шуъбаи Оҷонсӣ метавонед аз қайд гузаред”. Ҷузъиёти шиносоии чеҳраи нафақагирон дар Тоҷикистон
Дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон як муштзани тоҷик ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт
Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Сардор ва Қурбонбонгулӣ Бердимуҳаммадовҳо дар Ашқобод
Ҷоми Осиё U-17: 16 даста муайян шуд ва Тоҷикистон дар сафи беҳтаринҳо аст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста