Маъмулан табақаи зиёиёни тоҷик асосан дар бахшҳои филологияву таърих ташаккул ёфта, маҳз бо ҳамин сабаби одӣ ба масоили гуманитарӣ, тозагии забони модарӣ ва таърих таваҷҷуҳ зоҳир менамояд ва бештар аз он изҳори ташвиш мекунад.
Дар ин робита сиёсатмадор, рӯзноманигор ва олими маъруфи тоҷик Иброҳим Усмонов чунин иброз андеша кард, ки барои баррасии мушкилоти миқёси ҷаҳонӣ сафи зиёиёни фаннии тоҷик хеле ночиз аст.
«Мушкилоти иқтисодии кишварро зиёиёни мо мувофиқи имконоти доштаашон, вале дар шакли хеле маҳдуд баррасӣ мекунанд, зеро барои баррасии бештар фарогир аз таҷрибаву дониши ғанӣ бархӯрдор нестанд», - мегӯяд вай.
Дар робита ба масъалаи начандон фаъол будани намояндагони зиёиён дар вохӯриҳои анъанавӣ бо президенти ҷумҳурӣ профессор зикр кард, ки ӯ ҳеҷ гоҳ дар ин мулоқотҳо ширкат наварзида, дар бораи шакли баргузории он ва мавқеъгириҳои зиёиён дар он тасаввуроти комиле надорад.
Ёдрас мекунем, ки мулоқоти анъанавии сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони зиёиёни эҷодкор, ки ҳамасола дар остонаи таҷлили ҷашни Наврӯз доир мегардад, соли равон санаи 20-уми март дар бинои нави Осорхонаи миллии ҷумҳурӣ баргузор мешавад.




“Чорво зиёд ва фермаҳо фаъол шаванд”. Бо боздошту ҷаримаи соҳибкорон нархи гӯшт арзон мешавад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 декабри соли 2025
Далели нав барои ҷарима. Дарҷ накардани маълумот зарурӣ дар расид муҷозот мешавад
Мероси урани Тоҷикистон: барои халосӣ аз зарари он чӣ қадар маблағ лозим аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 декабри соли 2025
Боз як пардохти ҳатмӣ. Ширкатҳои мобилӣ уҳдадор шуданд, ки барои нобудсозии “антенна”-и худ пул диҳанд
“Ба музояда касе наомад”. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” боз харидор наёфт
Марги 2 кас дар пайи таркиши мина. Дар Тоҷикистон то ҳол беш аз 12 км мураббаъ аз минаҳо тоза нашудаанд
“Дар дилхоҳ шуъбаи Оҷонсӣ метавонед аз қайд гузаред”. Ҷузъиёти шиносоии чеҳраи нафақагирон дар Тоҷикистон
Дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон як муштзани тоҷик ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста