Рӯзи 22-ми март дар қароргоҳи СММ дар Ню-Йорк оид ба масоили ҳамкорӣ дар соҳаи истифодаи об муколамаи интерактивӣ дар сатҳи олӣ доир мегардад.

Дар муколама аз иштироки ҳайатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон интизорӣ меравад, ки масъалаи идоракунии захоири обии фаромарзӣ барояшон хеле муҳим аст.

Дар мусоҳиба ба Радиои СММ муовини вазири кишоварзӣ ва хоҷагии оби Ӯзбекистон Шавкат Ҳамроев изҳор кардааст, ки ҳалли ягонаи таъмини мувозинати обӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ –сохтмони нерӯгоҳҳои хурди барқӣ аст, зеро онҳо реҷаи маҷрои оби рӯдхонаҳо ва вазъи экологиро тағийр намедиҳанд.

«Ӯзбекистон ба сохтмони нерӯгоҳи Роғун дар рӯдхонаи Вахш қотеъона мухолиф аст, зеро он ба низоми обёрӣ ва соҳаи пахтакории Ӯзбекистон пайомадҳои манфӣ ба бор хоҳад овард», - иброз доштааст вай.

Дар навбати худ, Тоҷикистон бар ин назар аст, ки танҳо сохтмони нерӯгоҳи Роғун истиқлолияти энергетикии кишварро таъмин намуда, сарбанди 335-метраи нерӯгоҳ ба тартиби тақсимоти захираҳои обӣ дар ҳавзаи баҳри Арал таъсир нахоҳад кард.

Қобили зикр аст, ки ахири моҳи феврали соли равон дар мусоҳиба ба радиои СММ вазири мелиоратсия ва захираҳои оби Тоҷикистон Раҳмат Бобокалонов изҳор намудааст, ки ҷараёни пур кардани обанбори нерӯгоҳи Роғун дар муддати 14 сол амалӣ мегардад, ки он ба таъмини кишварҳои дигар бо об таъсир нахоҳад гузошт.

«Доир ба масоили марбут ба оби Амударёву Сирдарё миёни кишварҳои минтақа набояд ҳеҷ мушкилие вуҷуд дошта бошад, зеро Тоҷикистон минбаъд низ тамоми ӯҳдадориҳои ба зимма гирифтааш дар мавриди таъмини ҷоришавии маҷрои оби зарурӣ ба кишварҳои поёнобро ба иҷро хоҳад расонид», - гуфта буд вазир.

Ғайр аз ин Бобокалонов зикр карда буд, ки Тоҷикистон обро дар обанбор дар як муддати муайян аз ҳисоби лимит ва захираҳои худ ва ҳамчунин лоиҳаи пур кардани обанбори нерӯгоҳ ҷамоъоварӣ хоҳад кард.

Ҳамчунин Бобокалонов таъкид дошта буд, ки оби рӯдхонаи Вахш камтар аз сеяки ҳаҷми рӯдхонаи Амударёро ташкил медиҳад ва ҳатто он ҳам пурра баста намешавад. «Обанбор аз ҳамон қисмати ба Тоҷикистон муқарраршуда муддати якчанд сол тадриҷан пур гардида, тибқи технология низ якбора пур кардани обанбор ғайриимкон мебошад», - иброз доштааст вай.

Ахири моҳи январ вазир дар ҷамъи журналистон иттилоъ дода буд, ки бе ин ҳам Тоҷикистон ҳамасола то 1 млрд. метри мукааб оби ба кишвар ҷудошуда мувофиқи тартиби тақсимоти захираҳои обӣ дар ҳавзаи баҳри Аралро гирифта наметавонад.

«Аз ин рӯ, ба кишварҳои поёноб аз ҳаҷми муқаррарӣ зиёдтар об расида, инро ҳамтоҳои мо ҳам дар кишварҳои поёноб ва ҳам ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф мекунад. Имрӯзу оянда Тоҷикистон ҳамсояҳои худро бе об гузоштанӣ нест ва гузашта аз ин, бе об мондани онҳо имконнопазир аст, зеро он амалишаванда нест», - баён карда буд Бобокалонов.

Ёдрас мекунем, ки бо дархости ҳукумати Тоҷикистон айни замон Бонки ҷаҳонӣ тарҳи фанниву иқтисодӣ ва зистмуҳитиву иҷтимоии лоиҳаи нерӯгоҳи барқии Роғунро мавриди таҳқиқу омӯзиш ва баҳогузорӣ қарор додааст.

Муколаи интерактивӣ ба муносибати эълони санаи 22-юми март ҳамчун Рӯзи байнулмилалии об ва бо ташаббуси Тоҷикистон соли 2013 ҳамчун Соли ҳамкориҳои байнулмилалӣ дар соҳаи об доир мегардад.