Колин Робертс, сардори раёсати Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Миёнаи Вазорати корҳои хориҷаи Бритониё 18 – 20 март ба Тоҷикистон ташриф овард.
Тавре аз сафоратхонаи Британияи Кабир дар Тоҷикистон хабар доданд, ҷаноби Робертс сафари худро аз вохӯрӣ бо ваколатдори ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон Зариф Ализода оғоз кард. Зимни вохӯрӣ тарафҳо аз дастовардҳои ниҳоди ваколатдори ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон ёдоварӣ карданд, аз ҷумла қабули қонун «Дар бораи хушунати хонаводагӣ» ва ифтитоҳи 9 қабулгоҳҳои ҷамъиятӣ дар манотиқи гуногуни Тоҷикистон, аз ҷумла дар Душанбе. Ҷаноби Робертс афзуд, ки институти ваколатдори ҳуқуқи башар яке аз шохаҳои муҳими ҳамаи давлатҳо ба ҳисоб меравад.
Колин Робертс аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон боздид ба амал овард ва бо раиси вилоят Қодири Қосим мулоқот анҷом дод. Тарафҳо вазъ дар вилоят ва пайомадҳои судури қуваҳои ҳарбии НАТО аз Афғонистон дар соли 2014 ва ҳамкорӣ дар соҳаи иқтисод ва нигоҳубини сарҳадро баррасӣ намуданд. Инчунин, ҷаноби Робертс бо намояндагони ҷомеъаи шаҳрвандӣ вохӯрда, аз бозори наздисарҳадӣ боздид кард.
Ҷаноби Робертс бо директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Рустам Назаров низ мулоқот анҷом дод. Дар рафти мулоқот тарафҳо аз сатҳи ҳамкории зич байни Раёсати АНМН ва Агентии зидди ҷиноятҳои муташаккили Бритониё изҳори қаноатмандӣ намуданд. Ҷаноби Робертс афзуд, ки аз фаъолияти пурсамари Раёсати АНМН бохабар аст ва изҳор намуд, ки Бритониё ҳамкории худ дар ин самтро давом хоҳад дод. Номбурда инчунин аз таълимгоҳи бозомӯзии кормандони қушӯнҳои сарҳадии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) боздид намуда, ҳамин тариқ сафари худ ба Тоҷикистонро ба итмом расонид.




Далели нав барои ҷарима. Дарҷ накардани маълумот зарурӣ дар расид муҷозот мешавад
Мероси урани Тоҷикистон: барои халосӣ аз зарари он чӣ қадар маблағ лозим аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 декабри соли 2025
Боз як пардохти ҳатмӣ. Ширкатҳои мобилӣ уҳдадор шуданд, ки барои нобудсозии “антенна”-и худ пул диҳанд
“Ба музояда касе наомад”. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” боз харидор наёфт
Марги 2 кас дар пайи таркиши мина. Дар Тоҷикистон то ҳол беш аз 12 км мураббаъ аз минаҳо тоза нашудаанд
“Дар дилхоҳ шуъбаи Оҷонсӣ метавонед аз қайд гузаред”. Ҷузъиёти шиносоии чеҳраи нафақагирон дар Тоҷикистон
Дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон як муштзани тоҷик ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт
Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Сардор ва Қурбонбонгулӣ Бердимуҳаммадовҳо дар Ашқобод
Ҷоми Осиё U-17: 16 даста муайян шуд ва Тоҷикистон дар сафи беҳтаринҳо аст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста