Намояндагони се ҳизби сиёсӣ ва як ғайриҳизбӣ ба ишғоли курсии вакили парлумон аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Восеъ номзад пешбарӣ шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз комиссияи интихоботии ҳавзавӣ хабар дод, аз Ҳизби демократи Тоҷикистон рӯзноманигори маъруф Раҷаби Мирзо, аз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон раиси ҷамоати Мичурини ноҳияи Восеъ Ибодулло Неъматов ва аз Ҳизби аграрии Тоҷикистон муовини директори Агентии таъмини амволи махсуси назди ҳукумати ҶТ Зайниддин Сафаров номзад пешбарӣ шудаанд.

«Роҳбари шуъбаи ҳифзи иҷтимоии минтақаи Кулоб Ҷӯрабек Қурбонов ҳамчун ғайриҳизбӣ ба таври худпешбарӣ номзад ба курсии вакилӣ пешниҳод шуд», - гуфт манбаъ.

Ба иттилои сарчашмаи хабар, муҳлати пешбарии номзадҳо аз ҳавзаи интихоботии мазкур ба итмом расида, акнун комиссияи интихоботии ҳавзавӣ пас аз омӯзиши асноди пешниҳодкардаи онҳо ва мувофиқати он ба қонунгузорӣ, онҳоро расман ҳамчун номзад ба вакили парлумон ба қайд мегирад.

Ёдрас мекунем, ки маъракаи интихоботи миёндаврӣ аз ҳавзаи интихоботии ноҳияи Восеъ ба ҷойи намояндаи мардумии ваколатҳояшро пеш аз муҳлат супурда Рустам Латифов санаи 5-уми май доир мегардад. Рустам Латифов бо фармони сарвари давлат раиси ноҳияи Восеъ таъин карда шуд.