Чанде қабл дар шаҳри Люксембург вохӯрии намояндаи доимии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо сафир Рустамҷон Солиев бо ноиби президенти Бонки сармоягузории Аврупо Вилҳелм Молтерер барпо шуд.

Бино ба иттилои сафорати Тоҷикистон дар Белгия, зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои муносиботи дуҷонибаи Тоҷикистону Бонки сармоягузории Аврупо, аз ҷумла сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёти Тоҷикистонро баррасӣ намуданд.

Ноиби президенти Бонк иброз дошт, ки Бонки сармоягузории Аврупо ба Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои имконоти бузурги иқтисодӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир мекунад ва омодааст бо он ҳамкориҳои мутақобилан судмандро густариш диҳад.

Сафир иттилоъ дод, ки Тоҷикистон ба сармоягузории Бонк ба соҳаҳои авлавиятноки иқтисоди Тоҷикистон, аз ҷумла энергетика, саноати маъдани кӯҳӣ, инфрасохтори коммуникатсионию нақлиётӣ ва ғайра манфиатдор аст.

Ҷонибҳо ҳамчунин ба тавсеаи пойгоҳи шартномавию ҳуқуқии ҳамкории тарафайн диққати махсус зоҳир намуданд.