Созмони байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи Афви Байнулмилал (Amnesty International) аз бедарак шудани ҳуқуқшинос ва раиси ташкилоти ҷамъиятии ӯзбекони вилояти Хатлон Салимбой Шамсиддинов рӯзи 15-уми марти соли равон изҳори нигаронӣ намуд.

Дар изҳороти шоми рӯзи 26-уми март интишоршудаи худ созмон бо мақсадҳои сиёсӣ рабуда шудани ӯро аз эҳтимол дур намедонад.

Дар изҳорот аз ҳодисаи мавриди лату кӯби шадид қарор гирифтани Шамсиддинов аз ҷониби афроди номаълум дар рӯ ба рӯи бинои Раёсати КДАМ дар вилояти Хатлон, ки 5-уми майи соли 2012 ба вуқӯъ пайваста буд, ёдоварӣ мешавад. «Манбаъҳои маҳаллӣ ин ҳодисаро ба мусоҳибаи чанде пештар бо ВАО доштаи ӯ рабт медиҳанд. Дар он Шамсиддинов изҳор дошта буд, ки ҳукумати Тоҷикистон сиёсати миллатгароиро роҳандозӣ кардааст», - омадааст дар изҳорот.

«Раиси ҲУСДТ Раҳматилло Зойиров ба ВАО изҳор кард, ки нопадид шудани С.Шамсиддинов яқинан ангезаи сиёсӣ дорад ва ба иштироки ахирӣ дар гурӯҳе, ки рӯйи тағйири қонунгузорӣ дар бораи интихоботи президент кор мекунад ва даъвати ӯ аз ӯзбекҳои этникии Тоҷикистон бобати ба ҷонибдории Раҳматилло Зойиров овоз додан дар маъракаи интихоботии қарибулвуқӯъи президентӣ марбут аст», - менависад Amnesty International.

Созмони Афви Байнулмилал аз ҳукуматдорони Тоҷикистон расидагии фаврӣ ба ҳодисаи мазкур ва муайян кардани макони будубоши Шамсиддиновро дархост намудааст.

«Агар Шамсиддинов дар ҳабс қарор дошта бошад, мо аз ҳукумат таъҷилан ошкор намудани макони будубоши ӯро талаб дошта, мутмаин шуданием, ки боздоштшуда бевосита ба дидор бо аҳли оила ва ҳимоятгараш мувофиқи интихоби худ ва ҳамчунин кӯмаки тиббии тақозонамудааш дастрасӣ дошта бошад. Мо аз ҳукуматдорон даъват мекунем, ки дар пешорӯи маъракаи интихоботи президентӣ ба фаъолони сиёсӣ, ҷонибдорон ва пайвандони онҳо баҳри созмон додани маъракаҳои осоишта шароиту имкон фароҳам созанд», - баён мегардад дар изҳороти созмон.