Ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил рӯзи 5-уми апрел дар пойтахти Ӯзбекистон – шаҳри Тошканд баргузор мешавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар ҷаласаи Тошканд Тоҷикистонро вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ ё муовини аввали ӯ намояндагӣ хоҳанд кард.

Бино ба маълумоти департаменти иттилоотиву таҳлилии Кумитаи иҷроияи ИДМ, дар ҷаласаи мазкур баррасии 10 лоиҳаи аснод оид ба густариши ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар бахшҳои гуманитариву таъмини амният ва дигар самтҳо дар назар аст. Лоиҳаҳои асноди мазкур ба баррасии Шӯрои сарони кишварҳои узви ИДМ пешниҳод хоҳанд шуд.

Гуфта мешавад, дар ҷаласа оид ба масъалаҳои муҳими сиёсати байнулмилалӣ табодули афокр сурат гирифта, як қатор ҷанбаҳои ҳамоҳангсозии сиёсати хориҷӣ ва қабули Нақшаи машваратҳои бисёрсатҳаи вазоратҳои корҳои хориҷӣ дар доираи ИДМ барои соли 2013 баррасӣ мешаванд.

Ҷаласаи минбаъдаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви ИДМ моҳи октябри соли ҷорӣ дар пойтахти Белорус – шаҳри Минск доир мегардад.