Дар робита ба изҳороти таъсиси ҳизби нави «Тоҷикистони нав» дар ҷумҳурӣ сиёсатшиноси тоҷик Парвиз Муллоҷонов чунин иброз ақида намуд, ки бо назардошти эъломияи гурӯҳи ташаббускор, ин ҳизб аслан ба мушкилоти иқтисодии ҷумҳурӣ таваҷҷуҳ зоҳир хоҳад кард.
«Шояд онҳо дар ба даст овардани овозҳои афроди қаблан ҷонибдори Ҳизби демократии Тоҷикистон ва қисмате аз раъйҳои сотсиал-демократҳо ва синфи миёна талош варзида, агар бозии дасти дигарон шаванд, ҳамсони Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ хоҳанд буд», - иброз дошт вай.
Вакили парлумон аз ҲХДТ Суҳроб Шарифов дар ин робита зикр кард, ки низоми ҳизбӣ дар Тоҷикистон дар ҳоли ташаккул буда, боз даҳҳо ҳизбҳо рӯйи кор омадаву аз арсаи сиёсат нопадид мешаванд, ки раванди маъмулӣ аст.
«Ташаббускорони «Тоҷикистони нав», аз ҷумла Зайд Саидов таҷрибаи идоракунии давлатӣ дошта, тоҷири муваффақ, шахси босавод, ҷиддӣ ва дорои имконоти бузург аст ва аз ин лиҳоз, ман хоҳони дар Тоҷикистон мавҷуд будани аҳзоби дорои барномаҳои қавӣ, имконоти қавии кадрӣ, шахсияти қавии таъсиргузор ба ҷомеа мебошам, вале миёни аъзои ҳукумат будан, тоҷир будан ва сиёсатмадор шудан тафовути хеле бузург мавҷуд аст. Дар сиёсат маҳак, андоза ва тамоилҳои комилан дигар амал мекунад. Масалан, дар Русия миллиардерон зиёданд, вале ҳеҷ кадоме аз онҳо ба сиёсат ҷиддӣ сарукор надоранд», - иброз дошт вай.
Вакил бар ин назар аст, ки барои низоми ҳизбии кишвар дар маҷмӯъ ин падидаи мусбат аст, ки ба арсаи сиёсат пой ниҳодани доираҳои ҷиддии таъсиргузор ва изҳороти онҳо дар бораи иштироки фаъол дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятии кишварро таҷассум месозад.
«Ин рақобат аст, вале на чун дар тиҷорат. Дар сиёсат муборизаи шадиди асабҳову фишор ҷой дошта, ҳатто овозае ҳам метавонад ба нуфузу мавқеи ҳизб таъсиргузор бошад, аммо дар тиҷорат агар ту сармояи кофӣ дошта бошӣ, ҳамаро таҳти фишор қарор медиҳӣ», - афзуд Шарифов.
Ёдрас мекунем, ки Раиси Шӯрои ҳамоҳангсози Иттиҳоди анҷуманҳои тиҷоратии Тоҷикистон Зайд Саидов, муовини аввали раиси Шӯрои мазкур ва раиси Анҷумани миллии менеҷерони Тоҷикистон Шавкат Бозоров, раиси Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон Абдуғанӣ Мамадазимов ва як зумра роҳбарони дигар иттиҳодияҳои тиҷоратии шомил ба Шӯрои ҳамоҳангсоз аз ташаббускорони таъсис додани ҳизби «Тоҷикистони нав» мебошанд.
Ба гуфтаи онҳо, ҳадафи аслии таъсиси ҳизби нав даст ёфтан ба истиқлоли иқтисодии Тоҷикистон аст. «Зарурати таъсиси ҳизб дар он ифода меёбад, ки имрӯз ҷомеаи тоҷикро як нобоварӣ ба оянда фаро гирифта, аксари қувваи корӣ ва нерӯи ақлонӣ Тоҷикистонро тарк мекунанд. Дар ин шароит ҷомеа ба афкору паём ва ташаббусу амалҳои тоза ниёз дошта, ҳизби «Тоҷикистони нав» ифодакунандаи ин ормонҳост», - гуфта мешавад дар эъломия.
Ташаббускорони ҳизби нав изҳор намуданд, ки «Тоҷикистони нав» як платформа барои муттаҳидсозии андешаву ғоя, шахсиятҳо ва имконот баҳри созандагии миллӣ буда, ҳизбро воқеъгароён, навоварон, технократҳо ва ҳирфаиён намояндагӣ хоҳанд кард.




Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 январи соли 2026
Шабакаҳои гармидиҳӣ ҳам гармиро 17% қиматтар мехарад. Нархи гармӣ барои аҳолӣ ҳам боло меравад?
Тақрибан 30 ҳуҷраи алоҳида барои кумак ба қурбониёни хушунати хонаводагӣ. Ин утоқҳо дар куҷо воқеанд?
“Ошиқони ғоявӣ”-и “баргузида”, ки Трамп рабуд ва ба зиндон бурд. Николас Мадуро ва ҳамсараш Силия Флорес кистанд?
Як муовини вазири корҳои дохилӣ ва сардорони чанд шӯъбаи ВКД дар шаҳру навоҳӣ нав шуданд. Онҳо кистанд?
Пулиси Душанбе соли гузашта беш аз 160 фолбину сеҳргарро ҷарима ва ҳабс кардааст
Роботи одамсурат дар Тоҷикистон. Он метавонад ба тоҷикӣ ҳарф занад, кор ва рақс кунад
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 1
Соли 2025 қурби сомонӣ нисбат ба доллару евро боло, вале дар муқобили рубл поин рафт
Ҷузъиёти боло бурдани нархи истифодаи барқ. Барои кӣ ва чӣ қадар қимат мешавад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста