Нимаи дуюми рӯзи 9-уми апрел дар ҷараёни сафари расмӣ ба Белгия президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Брюссел бо намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ Кэтрин Эштон мулоқот намуд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни суҳбат масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо баррасӣ шуд. Таваҷҷуҳи зиёд ба рафти таҳияи Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ барои солҳои 2014-2020 зоҳир гардид.

Ба таъкиди сарвари давлати Тоҷикистон, “масоили амниятӣ дар Осиёи Марказӣ пас аз хуруҷи нерӯҳои байналмилалӣ аз Афғонистон, таҳкими мубориза бо терроризму экстремизм, рушди ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, ҳамгироӣ дар соҳаи истифодаи босамари захираҳои обию энергетикӣ ва пешгирӣ аз хатарҳои глобалӣ бояд дар меҳвари муносиботи судбахши Иттиҳоди Аврупо бо минтақаи мо қарор дошта бошанд”.

Идомаи дастгирӣ аз бахшҳои истеҳсолии иқтисодиёти Тоҷикистон -саноат, гидоэнергетика, нақлиёт ва кишоварзӣ, аз ҷумла бо назардошти эҳтиёҷоти Афғонистон зарур дониста шуд. Изҳори боварӣ карда шуд, ки тадбирҳои Тоҷикистон барои зиёд намудани интиқоли нерӯи барқ ба Афғонистон дар фасли тобистон, ки дархости ҷониби Афғонистон аст ва бунёди роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон мавриди дастгирӣ ва пуштибонии Иттиҳоди Аврупо қарор хоҳад дошт.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Брюсел ҳамчунин президенти Ассотсиатсияи тандурустии Шоҳигарии Белгия Дирк Ламбрехтсро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин ассотсиатсия, ки созмони муштараки давлатию хусусӣ аст, баррасӣ шуд. Ба густариши ҳамкорӣ барои ташхису табобати бемориҳои гуногун, омодасозии кадрҳо, табодули мутахассисон ва донишу таҷриба, дастгирии техникии муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.

Пас аз анҷоми мулоқот Ёддошти ҳусни тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустии давлатӣ ва хусусӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи тандурустии Шоҳигарии Белгия ба имзо расид.