Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Барак Ҳусейн Обама барқияи тасаллият ирсол намуд.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқия Эмомалӣ Раҳмон таъкид месозад, ки аз шунидани хабари ҳузнангез дар бораи марги даҳҳо одамон бар асари таркиш дар корхонаи истеҳсоли нуриҳо дар иёлати Техаси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико хеле андуҳгин аст.
«Дар ин лаҳзаҳои ҳузнангез хоҳиш менамоям, ки тасаллияти амиқ ва эҳсосоти ҳамдардии мардуми Тоҷикистонро ба хешовандону пайвандони ҳалокшудагон расонед, инчунин таманниёти ҳарчи зудтар шифо ёфтани ҳамаи зарардидагонро қабул фармоед», - гуфта мешавад дар барқия.
Ёдрас мекунем, ки бар асари таркиши шадид дар корхонаи истеҳсоли нуриҳои шаҳри Вакои иёлати Техаси ИМА рӯзи 18-уми апрел 14 нафар ҳалок ва беш аз 200 нафар ҷароҳат бардоштанд. Таркиш ҳамчунин қариб 100 адад биноро хароб намуд.




Нишасти C5+1 бо иштироки сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Ҷопон
Ҷасади навраси тоҷики кушташуда дар Русияро ба Тоҷикистон оварданд. Маросими видоъ бо Қобилҷон Алиев оғоз шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 декабри соли 2025
Аз қатли Нилуфар то Қобилҷон дар Русия. Натиҷаи ташаккули фазои муҳоҷирситезӣ ва беҷазоӣ барои нажодпарастӣ?
Боз ҳамлаи гург ба ду сокини ноҳияи Деваштич. Ин ҳодисаи сеюм дар як моҳи охир аст
Қариб 6 ҳазор донишҷӯи ӯзбекистонӣ дар донишгоҳҳои Тоҷикистон таҳсил мекунанд
Нотаи Тоҷикистон ба Русия дар пайи куштори навраси тоҷик. Раҳимзода аз Колоколтсев таҳқиқи ҳодисаро хост
Тоҷикистон дар радабандии рушди иҷтимоӣ дар зинаи 113-ум қарор гирифт
Гаронтарин футболбозони Лигаи олии Тоҷикистон киҳоянд?
Эмомалӣ Раҳмон: “Истихроҷи канданиҳои фоиданок дар Тоҷикистон 2 баробар зиёд мешавад”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста