Рӯзи 25-уми апрели равон дар Ню-Йорк дар иҷлоси Шӯрои Иқтисодӣ ва Иҷтимоии СММ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба узвият дар Комиссияи маводди мухаддир (Commission on Narcotic Drugs) барои солҳои 2014-2017 бо иттифоқи оро интихоб гардид.
Комиссияи маводди мухаддир ниҳоди тобеи Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ (ECOSOC) мебошад. Комиссияи мазкур 16 феврали соли 1946 дар асоси қатъномаи ECOSOC таъсис дода шудааст. Комиссия ба пайгирӣ ва назорати татбиқи конвенсияҳо ва созишномаҳои байналмилалии марбут ба маводди мухаддир машғул аст. Ниҳоди мазкур инчунин Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ₋ро роҷеъ ба тамоми масъалаҳои вобаста ба назорати маводди мухаддир, равонгардон ва пешсозҳо (прекурсоҳо)₋и онҳо роҳнамоӣ мекунад.
Комиссия вазъи назорати маводди мухаддир дар ҷаҳон, масъалаҳои марбут ба пешнигирии нашъамандӣ ва тавонбахшии нашъамандонро мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор дода, роҷеъ ба коҳиш додани талабот ба маводди мухаддир ва роҳҳои мубориза бо гардиши ғайриқонқунии ин гуна мавод тавсияву пешниҳодот таҳия мекунад.
Комиссияи маводди мухаддир аз 53 кишвари узв иборат буда, аъзои он ба муддати чаҳор сол бо дарназардошти асли баробар ва одилонаи ҷуғрофӣ аз ҳисоби кишварҳои узви СММ ва ъзои ниҳодҳои тахассусӣ ва тарафҳои Конвенсияи ягонаи маводди мухаддир интихоб карда мешаванд.
Дар ин рӯз дар Ню-Йорк дар иҷлоси Шӯрои Иқтисодӣ ва Иҷтимоии СММ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин ба узвият дар Комисияи мақоми занон (Commission on Status of Women) барои солҳои 2014-2018 бо иттифоқи оро интихоб гардид.
Комиссияи мақоми занон ниҳоди тобеи Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ (ECOSOC) мебошад. Комиссияи мазкур ниҳоди асосии ҷаҳонӣ дар масъалаҳои таҳия ва тадвини сиёсати баробарҳуқуқии ҷинсӣ (гендерӣ) ва беҳсозии мавқеи занон мебошад.
Комиссияи мазкур 21 июни соли 1946 аз ҷониби Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ ба мақсади таҳияи гузоришу пешниҳодот ба Шӯро дар масъалаҳои ҳимоя ва риояи ҳуқуқи сиёсӣ, иқтисодӣ, маданӣ ва иҷтимоии занон таъсис дода шудааст. Комиссия инчунин ба таҳияи пешниҳодот ба Шӯро дар мавриди ҳаллу фасли мушкилоти мубрам дар риштаи ҳуқуқи занон машғул аст.
Комисияи мақоми занон аз 45 кишвари узв иборат буда, аъзои он ба муддати чаҳор сол бо дарназдошти асли баробар ва одилонаи ҷуғрофӣ аз ҳисоби кишварҳои узви СММ интихоб карда мешаванд.




Нишасти C5+1 бо иштироки сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Ҷопон
Ҷасади навраси тоҷики кушташуда дар Русияро ба Тоҷикистон оварданд. Маросими видоъ бо Қобилҷон Алиев оғоз шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 декабри соли 2025
Аз қатли Нилуфар то Қобилҷон дар Русия. Натиҷаи ташаккули фазои муҳоҷирситезӣ ва беҷазоӣ барои нажодпарастӣ?
Боз ҳамлаи гург ба ду сокини ноҳияи Деваштич. Ин ҳодисаи сеюм дар як моҳи охир аст
Қариб 6 ҳазор донишҷӯи ӯзбекистонӣ дар донишгоҳҳои Тоҷикистон таҳсил мекунанд
Нотаи Тоҷикистон ба Русия дар пайи куштори навраси тоҷик. Раҳимзода аз Колоколтсев таҳқиқи ҳодисаро хост
Тоҷикистон дар радабандии рушди иҷтимоӣ дар зинаи 113-ум қарор гирифт
Гаронтарин футболбозони Лигаи олии Тоҷикистон киҳоянд?
Эмомалӣ Раҳмон: “Истихроҷи канданиҳои фоиданок дар Тоҷикистон 2 баробар зиёд мешавад”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста