Гурӯҳи ташаббускори ҳизби «Тоҷикистони нав» изҳороте пахш намуд, ки дар он фишори мақомот нисбати роҳбари гурӯҳ Зайд Саидов маҳкум карда мешавад.

Дар изҳорот таъкид мегардад, ки фишори ҳукуматдорон ба ҳеҷ ваҷҳ азми аъзои гурӯҳро бобати таъсиси ҳизб наметавонад заррае ҳам коҳиш бидиҳад, баръакс, «итминонамон бар он аст, ки танҳо таъсису фаъолияти чунин як ҳизби марказгаро барои раҳоӣ аз вартаи мушкилиҳои мардуму кишвар тадбир аст».

«Дастгирии рӯзафзуни мардум аз иқдоми гурӯҳ далели ин гуфтаҳост. Чунончи, даҳҳо ҳаводорону ҷонибдорон имрӯзҳо ба мо изҳори пайвастагӣ мекунанд. Сафи аъзои гурӯҳи ташаббускор низ рӯ ба афзудан дорад. Имрӯз (19.05) аллакай чеҳраҳои маъруфу маҳбуби кишвар – профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров, коргардони машҳур Барзу Абдуразоққов ва чанд нафари дигар расман бо мо пайвастанд», - баён мегардад дар изҳорот.

Дар идома гурӯҳи ташаббускор қайд мекунад, ки сарфи назар аз фишори мақомот, ҳизби «Тоҷикистони нав» ният дорад, ки ба сулҳу субот дар Тоҷикистон мусоидат намояд.

«Боздошти Зайд Саидов аз ҷониби Агентии зиддифасод бидуни шарҳи сабабе ва манъи дастрасии адвокатҳо ба ӯ аз вуҷуд доштани решаҳои сиёсии қазия далолат медиҳанд», - таъкид мегардад дар изҳорот.

Дар фарҷоми изҳорот баён мегардад, ки «боз ҳам эълом медорем: аз касеву чизе ҳарос надорем! Ба ҷуз аз Худои мутаъол! Ва боз як чизи дигар: на аз хиёнати дӯстон, на аз фитнаву иғво, найрангу тафриқаангезиҳои душманон. Балки аз бетарафон, ки бетарафиашон боиси ҳам хиёнат асту ҳам душманӣ! Биёед ба ҳам ойем ва канори ҳам ба хотири ободиву пешрафти Ватан бошем!».