Чанде қабл дар Душанбе бо ибтикори Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ва фраксияи ҳизб дар палатаи поёнии парлумон таҳти унвони «Нақши ҲХДТ дар фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона барои шаҳрвандон» мизи мудаввар доир гардид.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲХДТ, зимни суханронӣ дар ин чорабинӣ муовини якуми раиси ҲХДТ Сафар Сафаров аз натиҷаҳои амалигардии Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ҳарф зада, доир ба дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, рушди соҳибкории хурду миёна, ҷалби сармоягузорӣ, бунёди роҳу иншоотҳо ва дар маҷмӯъ оид ба пешрафти давлат ибрози назар намуд ва ҳамаи онро заминаи боэътимод барои фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистилол номид.

«Дар идома аъзои фраксияи ҲХДТ дар палатаи поёнии парлумон Махфират Хидирова, Маҳмадалӣ Ватанов, Сафаралӣ Гулов, Олим Салимзода, Марҳабо Ҷабборова ва Давлаталӣ Давлатзода оид ба нақши ҲХДТ дар таъмини риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таълиму тарбияи насли наврас ва рушди иқтисоди миллӣ ибрози андеша намуданд», - зикр мегардад дар хабар.

Гуфта мешавад, дар музокира раисони кумитаи иҷроияи ҳизбӣ Ҷамшед Саидов, Умринисо Казакова, аъзои ТҶҶ «Созандагони Ватан» Комил Саидзода суханронӣ намуда, вобаста ба суолҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.