Раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров бар ин назар аст, ки парлумони ҷумҳурӣ орзуву умедҳои даст ёфтан ба баргузории интихоботи президентии каму беш демокративу шаффофро зери хок бурд.

«Бо рад шудани пешниҳодҳои Эътилоф барои ислоҳоти демократии қонун «Дар бораи интихоботи президенти ҶТ» ва ҲНИТ, ки ба таъмини усули баробарӣ дар интихобот равона шуда буданд, парлумон умеди охирини мо ба интихоботи мунсифонаро аз байн бурд», - гуфт дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» Р.Зойиров.

Ба қавли ӯ, аввали ҳафтаи равон вакилони ҲНИТ дар парлумон бори дигар ворид намудани тағйирот ба Қонуни ҶТ «Дар бораи интихоботи президенти ҶТ»-ро, ки иштироки баробари намояндагони аҳзоби сиёсӣ дар комиссияҳои интихоботии қитъавӣ ва ҳавзавиро дар назар дошт, пешниҳод намуданд, вале он рад карда шуд.

«Шуъбаи ҳуқуқии палатаи поёнии парлумон ба чунин хулосае расид, ки ин пешниҳод «қобили қабул» нест, зеро аҳзоби сиёсӣ иштироки намояндагони худ дар ҳамаи қитъаҳои интихоботиро таъмин карда наметавонанд, вале аз изҳороти аҳзоб бармеояд, ки шумори аъзои онҳо барои таъмини намояндагон дар тамоми қитъаҳо кофист», - иброз дошт раиси ҲСДТ.

Ба гуфтаи Зойиров, Ҳизби сотсиалистӣ дар бораи 18 ҳазор, Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ – 20 ҳазор, Ҳизби аграрӣ – 30 ҳазор, Ҳизби коммунист – 40 ҳазор, ҲНИТ – беш аз 50 ҳазор ва ҲХДТ – 210 ҳазор аъзо маълумот медиҳанд.

 «Аз ин бармеояд, ки бо 7,6 ҳазор аъзо ҲСДТ ҳизби камшумортарини кишвар аст ва ҳамчун раиси он ман изҳор менамоям, ки мо ҳар кадоме аз қитъаҳои интихоботиро (беш аз 3,5 ҳазор адад) бо ду намояндаи худ таъмин карда метавонем», - иброз дошт ӯ.

Раиси ҲСДТ афзуд, вақте қитъаҳои интихоботӣ танҳо аз ҷониби ҳукуматдорону дар ҳайати намояндагони ҳизби ҳоким ташкил карда мешаванд, набояд интихоботи мунсифонаву шаффофро интизорӣ дошт.

Ёдрас мекунем, ки дар ҷаласаи рӯзи 27-уми майии Шӯрои МНМО ҶТ таҳти раёсати раиси палатаи поёнии парлумони кишвар Шукурҷон Зуҳуров пешниҳоди вакилони парлумон аз ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ва Саидумар Ҳусайнӣ дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи интихоботи президент» дубора рад карда шуд.