Дар ҷаласаи имрӯзаи Шӯрои палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон таҳти раёсати раиси МНМО ҶТ Шукурҷон Зуҳуров дар бораи таъсиси гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ бо Арабистони Саудӣ, Кувайт ва Эстония қарор қабул шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов хабар дод, дар ҷаласаи Шӯрои МНМО ҶТ ҳамчунин лоиҳаҳои Қонунҳои ҶТ «Дар бораи муносибат бо маводи радиоактивӣ» ва «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ» низ баррасӣ шуданд.